Дидори раиси порлумони Покистон аз Тоҷикистон

  • 27 Май, 2014
Содиқ-РаҳмонImage copyrightBBC World Service
Image caption Сардор Аёз Содиқ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, ва мақомоти дигари ин кишвар дидору гуфтугӯ кард (Акс аз сойти риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон)

Сардор Аёз Содиқ, раиси Маҷлиси миллӣ ё порлумони Покистон бо як дидор вориди Тоҷикистон шуда ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, ва мақомоти дигари ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Гуфта мешавад, масоили энержӣ дар меҳвари дидори оқои Содиқ бо мақомоти Тоҷикистон қарор доштааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбӯъоти риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқоти оқои Содиқ бо Президент Раҳмон дар канори масоили энержӣ иҷрои тарҳҳо дар бахшҳои нақлиёт, роҳсозӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ ва амнияти минтақа, аз ҷумла вазъияти Афғонистон, баррасӣ шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Сардор Аёз Содиқ ба тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба дар ҷиҳати иҷрои тарҳи минтақаии энержии “CASA-1000” ишора кардааст.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи порлумони Тоҷикистон, гуфт, ки оқои Зуҳуров хостори тасреъи бунёди ин хатти интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон шудааст.

Зимнан, тибқи тарҳи интиқоли нерӯи барқ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Покистон бо ҳазинаи беш аз шаш милёрд дулори омрикоӣ мавсум ба “CASA – 1000” нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон мунтақил хоҳад шуд.

Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Тавсеъаи Исломӣ ва Ожонси тавсеъаи байналмилалии Омрико (USAID) омодагии худро барои пуштибонии молӣ аз ин тарҳ иброз доштаанд.

Бино ба иттилоъи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, ин кишвар метавонад дар фасли тобистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба миқдори ҳафт милёрд килувот/соъат нерӯи барқ содир кунад. Аммо ба далели набуди хутути интиқоли нерӯи барқ ҳамасола ин миқдор нерӯи барқ талаф мешавад.

Дар назар аст, ки рӯзи сешанбеи 27 май Сардор Аёз Содиқ, раиси порлумони Покистон, бо Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, низ дидор карда ва сипас аз нерӯгоҳи обии "Норак" дидан кунад.

Зимнан, дар солҳои ахир ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон дар бахшҳои иқтисодию тиҷорӣ ва илмию фарҳангӣ тавсеъа ёфта ва миёни ин ду кишвар ҳудуди 30 санади ҳамкорӣ имзо шудааст.

Дар ҷараёни дидори расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Покистон дар моҳи марти соли 2011 ба рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, роҳҳои оҳану утумубилрав, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маъодин ва маҳсулоти кишоварзӣ ва тармиму бозсозии корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон таъкид шуда буд.

Ҳамчунин, дар дидори сарони Афғонистон, Эрон, Покистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар моҳи марти соли 2012 Президент Раҳмон хостори таъсиси ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ миёни ин чаҳор кишвар шуда буд.

Оқои Раҳмон гуфта буд, ки Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Покистонро лозим аст, барои бунёди шабакаҳои муъосири интиқоли нерӯи барқ, гоз, оби ошомиданӣ ва бунёди роҳҳои оҳану утумубилрав талош кунанд.

Аз сӯйи дигар, дар сурати ҷалби сармояи ин кишвар барои эҳдоси нерӯгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон, ин кишвар метавонад ба Покистон, Афғонистон ва Эрон нерӯи барқи арзон содир кунад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар соли гузашта табодули коло миёни Тоҷикистон ва Покистон дар муқоиса бо соли 2012 ҳудуди 18 дарсад афзоиш ёфта ва ба 90 милюн дулори омрикоӣ расидааст.

Матолиби муртабит