Тоҷикистону Покистон масоили энержиро баррасӣ мекунанд
Image copyrightBBC World ServiceМасоили энержӣ дар меҳвари дидори Сардор Аёз Содиқ, раиси Ассамблеяи миллӣ ё порлумони Покистон бо мақомоти Тоҷикистон қарор доштааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқоти оқои Содиқ бо Президент Раҳмон дар канори масоили энержӣ иҷрои тарҳҳо дар бахшҳои нақлиёт, роҳсозӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ ва амнияти минтақа, аз ҷумла, вазъияти Афғонистон низ баррасӣ шудааст.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Сардор Аёз Содиқ ба тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти тарҳи минтақавии энержии “CASA-1000” ишора кардааст.
Маҳмадато Султонов, сухангӯйи порлумони Тоҷикистон гуфт, оқои Зуҳуров хостори тасреъи бунёди ин хатти интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон шудааст.
Зимнан, тибқи тарҳи интиқоли нерӯи барқ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Покистон бо ҳазинаи беш аз 6 милёрд дулори омрикоӣ мавсум ба “CASA – 1000” нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон интиқол хоҳад шуд.
Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Тавсеъа ва Ожонси рушди байналмилалии Омрико (USAID) омодагии худро барои пуштибонии молӣ аз ин тарҳ иброз доштаанд.
Бино ба иттилоъи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, ин кишвар метавонад дар фасли тобистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба миқдори 7 милёрд килувот-соъат нерӯи барқ содир кунад. Аммо ба далели камбуди хутути интиқоли нерӯи барқ ҳамасола ин миқдор нерӯи барқ талаф мешавад.
Дар назар аст, рӯзи сешанбеи 27 май, Сардор Аёз Содиқ, раиси порлумони Покистон, бо Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон дидор карда ва сипас, аз нерӯгоҳи барқи обии Норак дидан кунад.
