Муҳокимаи Парвиз Мушарраф ба иттиҳоми хиёнат дар Покистон

  • 18 Феврал, 2014
Парвиз МушаррафImage copyrightGetty
Image caption Оқои Мушарраф нахустин бор дар моҳи декабри гузашта ба додгоҳ эҳзор шуда буд

Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳурии пешини Покистон дар нахустин ҷаласаи додгоҳӣ ҳозир шуд, ки дар Исломобод ба иттиҳоми "хиёнат", ки алайҳи ӯ ворид шуда, расидагӣ мекунад.

Аммо ба дунболи эътирози вукалои мудофеъи оқои Мушарраф додгоҳ ӯро расман муттаҳам накард.

Вукалои мудофеъи оқои Мушарраф додгоҳи ғайринизомиро фоқиди салоҳияти қазоӣ донистанд ва гуфтанд, ки ин женероли собиқ бояд фақат тавассути додгоҳи низомӣ муҳокима шавад.

Парвандаи қазоии Парвиз Мушарраф ба тасмими вай ба таълиқи қонуни асосӣ ва эъмоли қавонини изтирорӣ дар соли 2007 марбут аст.

Оқои Мушарраф ин иттиҳомотро рад кардааст ва мегӯяд, ки ин иттиҳомот бо ангезаи сиёсӣ матраҳ шудаанд.

Ин аввалин боре аст, ки як фармондеҳи собиқи низомӣ дар Покистон ба иттиҳоми хиёнат муҳокима мешавад.

Додгоҳ мумкин аст рӯзи ҷумъа дар бораи масъалаи салоҳияти қазоии худ тасмимгирӣ кунад.

Ӯ аввалин бор дар моҳи декабр ба додгоҳ эҳзор шуд, аммо аз он замон то кунун ба далели беморӣ ва ҷароҳати ношӣ аз инфиҷори бумб дар додгоҳ ҳозир нашуда буд.

Матолиби муртабит