Парвиз Мушарраф ба иттиҳоми хиёнат ба додгоҳ меравад

Парвиз Мушарраф, раҳбари низомии собиқи Покистон, ба иттиҳоми хиёнат ба додгоҳ меравад.
Оқои Мушарраф, ки дархосташ барои муҳокима дар додгоҳи низомӣ як рӯз пеш рад шуд, қарор аст дар додгоҳе вижа дар Исломобод муҳокима шавад.
Иттиҳоми оқои Мушарраф ба тасмими ӯ дар соли 2007 барои таълиқи Қонуни асосӣ ва иҷрои вазъияти изтирорӣ дар кишвар бозмегардад.
Парвиз Мушарраф, ки дар чанд иттиҳоми дигар низ ба ҳукми васиқа озод аст, мегӯяд тамоми иттиҳомҳо алайҳи ӯ бо ангезаи сиёсӣ матраҳ шудаанд.
Ин сиёсатмадори 70-сола дар айни ҳол бо иттиҳоми қатл ва мамонеъат аз иҷрои адолат рӯбарӯст.
Парвиз Мушарраф аввалин раҳбари низомии Покистон аст, ки ба иттиҳоми хиёнат муҳокима мешавад.
'Фирор намекунам'
Оқои Мушарраф соли 1999 дар як кудетои низомӣ қудратро дар Покистон ба даст гирифт ва то соли 2008, замоне ки давлати мунтахаб ӯро маҷбур ба истеъфо кард, раиси ҷумҳурии кишвар монд.
Ӯ баъд аз рӯйи кор омадани давлати тоза зиндагӣ дар табъид дар Ландан ва Дубайро интихоб кард.
Рӯзи душанбе вукалои оқои Мушарраф истидлол карда буданд, ки муваккилашон дар соли 2007 фармондеҳи артиши кишвар буда ва танҳо як додгоҳи низомӣ салоҳияти баррасии иттиҳомот алайҳи ӯро дорад, аммо муваффақ нашуданд.
Додгоҳи олии Покистон дархости вукалои оқои Мушаррафро рад кард ва эътирозоти онҳо нисбат ба интисоби қуззот ва додситонҳоро низ напазируфт.
Парвиз Мушарраф дар кудетое бидуни хунрезӣ қудратро аз Навоз Шариф, раҳбари вақти Покистон, гирифт.
Моҳи март, замоне ки ин раҳбари пешини Покистон аз табъид ба кишвар баргашт, умедвор буд, ки битавонад раҳбарии ҳизби худ дар интихоботро ба даст бигирад, аммо радди салоҳият шуд ва дар иваз даргири силсилаи иттиҳомоте марбут ба давраи сардамдорияш дар Покистон шуд.
Оқои Мушарраф ҳафтаи гузашта аз наҳваи мудирияти худ дар нуҳ соли риёсати ҷумҳурияш дифоъ кард ва гуфт: "Ҳар кор кардам, барои рифоҳ ва беҳбуди вазъи Покистон ва мардумаш буд. Ман бо тамоми иттиҳомотам мувоҷеҳ мешавам. Фирор намекунам."
