Парвиз Мушарраф дар додгоҳи иттиҳом ба "хиёнат" ҳозир нашуд

  • 1 Январ, 2014
Парвиз Мушарраф
Image caption Парвиз Мушарраф аввалин раҳбари низомии Покистон аст, ки ба иттиҳоми хиёнат муҳокима мешавад

Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи Покистон дар додгоҳ ҳозир нашудааст.

Оқои Мушарраф қарор буд имрӯз (1 январи 2014) дар хусуси парвандаи иттиҳом ба "хиёнат" дар додгоҳ ҳозир шавад.

Вукалои раиси ҷумҳури собиқи Покистон ба додгоҳ гуфтанд, ки вай ба далели адами амнияти кофӣ қодир ба ҳузур дар додгоҳ нашудааст. Ҷаласаи додгоҳи оқои Мушарраф ҳафтаи гузашта ва пас аз гузоришҳо дар бораи пайдо шудани маводи мунфаҷира дар масири роҳи иқоматгоҳи ӯ ба додгоҳ ба таъхир уфтод.

Вукалои оқои Мушарраф ба додгоҳ гуфтанд, ки маводи мунфаҷираи бештаре бар сари роҳи ӯ ба додгоҳ пайдо шудааст.

Иттиҳоми оқои Мушарраф ба тасмими ӯ дар соли 2007 барои таълиқи қонуни асосӣ ва иҷрои вазъияти изтирорӣ дар кишвар боз мегардад.

Парвиз Мушарраф, ки дар чанд иттиҳоми дигар низ ба ҳукми васиқа озод аст, мегӯяд тамоми иттиҳомҳо алайҳи ӯ бо ангезаи сиёсӣ матраҳ шудаанд.

Вай аввалин раҳбари собиқи низомии Покистон аст, ки ба иттиҳоми "хиёнат" муҳокима мешавад.

Пештар дархости оқои Мушарраф барои муҳокима дар додгоҳи низомӣ рад шуда буд.

Вукалои оқои Мушарраф истидлол карданд, ки муваккилашон дар соли 2007 фармондеҳи артиши кишвар буда, ва танҳо як додгоҳи низомӣ салоҳияти баррасии иттиҳомоти ӯро дорад, аммо муваффақ нашуданд.

Додгоҳи олии Покистон дархости вукалои оқои Мушаррафро рад кард ва эътирозоти онҳо нисбат ба интисоби қуззот ва додситонҳоро низ напазируфт.

Вукалои оқои Мушарраф мегӯянд, ки муваккили онҳо наметавонад муҳокимае одилона дар Покистон дошта бошад. Анвар Мансур аз аъзои тими вукалои оқои Мушарраф гуфтааст, ки Навоз Шариф, нахуствазири Покистон наметавонад "бетарафиро риъоят кунад."

"Фарор намекунам"

Парвиз Мушарраф, ки дар соли 1999 ва замони нахуствазирии оқои Шариф фармондеҳи артиши Покистон буд, дар як кудетои низомиӣ қудратро дар кишвар ба даст гирифт. Пас аз ин кудето оқои Шариф муддате дар зиндон буд ва сипас аз кишвар хориҷ шуд.

Оқои Мушарраф то соли 2008, замоне ки давлати мунтахаб ӯро маҷбур ба истеъфо кард, раиси ҷумҳурии кишвар монд ва сипас аз кишвар хориҷ шуд.

Дар моҳи марти соли гузашта (2013), замоне ки оқои Мушарраф дар ниҳоят аз табъиде худхоста ба кишвар бозгашт, умедвор буд битавонад раҳбарии ҳизби худ дар интихоботро ба даст бигирад, аммо радди салоҳият шуд ва дар иваз даргири силсилаи иттиҳомоте марбут ба давраи ҳукуматаш дар Покистон шуд.

Оқои Мушарраф ҳамвора аз наҳваи мудирияти худ дар 9 соли раёсати ҷумҳуриаш дифоъ карда ва гуфта "ҳар кор кардам барои рифоҳ ва беҳбуди вазъи Покистон ва мардумаш буд, ман бо иттиҳомотам рӯбарӯ мешавам ва қасди фирор надорам."

Бархе аз нозирон мегӯянд, ки бисёре аз шаҳрвандони Покистон бар ин ақидаанд, ки давлати кунунӣ ба раҳбарии Навоз Шариф, аз додгоҳи оқои Мушарраф бо ҳадафи мунҳариф кардани афкори умумӣ аз мушкилоти кишвар, бавижа масойили иқтисодӣ, истифода мекунад.

Матолиби муртабит