Парвиз Мушарраф дар роҳи додгоҳ ба бемористон мунтақил шудааст

  • 2 Январ, 2014
Парвиз Мушарраф
Image caption Парвиз Мушарраф, ки дар чанд иттиҳоми дигар низ ба ҳукми васиқа озод аст, мегӯяд тамоми иттиҳомҳо алайҳи ӯ бо ангезаи сиёсӣ матраҳ шудаанд

Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи Покистон ба "бемористон мунтақил" шудааст.

Бар асоси гузориши расонаҳои покистонӣ оқои Мушарраф, ки қарор буд имрӯз бар асоси дастури мақомоти қазоӣ дар ҷаласаи додгоҳӣ дар Исломобод, пойтахт ҳозир шавад, аммо дар масири азимат ба додгоҳ ба бемористон интиқол ёфт.

Пештар вукалои оқои Мушарраф аз мақомоти додгоҳ хоста буданд, то муваккилаш аз ҳузур дар ҷаласаи муҳокима муъоф шавад, аммо бо ин дархост мухолифат шуд.

Бар асоси гузоришҳои расида аз Покистон женерол Мушарраф ҳангоме ки озими додгоҳ буд, "бо мушкилоти қалбӣ" рӯбарӯ шуд ва ба ҳамин далел ба бемористон интиқол ёфт.

Оқои Мушарраф қарор буд дирӯз (1 январи 2014) дар иртибот бо парвандаи иттиҳом ба "хиёнат" дар додгоҳ ҳозир шавад. Аммо дар ҷаласаи додгоҳ ҳузур наёфт.

Вукалои раиси ҷумҳури собиқи Покистон ба додгоҳ гуфтанд, ки вай ба далели адами амнияти кофӣ қодир ба ҳузур дар додгоҳ нашудааст. Ҷаласаи додгоҳи оқои Мушарраф ҳафтаи гузашта ва пас аз гузоришҳо дар бораи пайдо шудани маводи мунфаҷира дар масири роҳи иқоматгоҳи ӯ ба додгоҳ ба таъхир уфтод.

Иттиҳоми оқои Мушарраф ба тасмими ӯ дар соли 2007 барои таълиқи қонуни асосӣ ва иҷрои вазъияти изтирорӣ дар кишвар боз мегардад.

Парвиз Мушарраф, ки дар чанд иттиҳоми дигар низ ба ҳукми васиқа озод аст, мегӯяд тамоми иттиҳомҳо алайҳи ӯ бо ангезаи сиёсӣ матраҳ шудаанд.

Вай аввалин раҳбари собиқи низомии Покистон аст, ки ба иттиҳоми "хиёнат" муҳокима мешавад.

Пештар дархости оқои Мушарраф барои муҳокима дар додгоҳи низомӣ рад шуда буд.

Вукалои оқои Мушарраф истидлол карданд, ки муваккилашон дар соли 2007 фармондеҳи артиши кишвар буда, ва танҳо як додгоҳи низомӣ салоҳияти баррасии иттиҳомоти ӯро дорад, аммо муваффақ нашуданд.

Додгоҳи олии Покистон дархости вукалои оқои Мушаррафро рад кард ва эътирозоти онҳо нисбат ба интисоби қуззот ва додситонҳоро низ напазируфт.

Вукалои оқои Мушарраф мегӯянд, ки муваккили онҳо наметавонад муҳокимае одилона дар Покистон дошта бошад. Анвар Мансур аз аъзои тими вукалои оқои Мушарраф гуфтааст, ки Навоз Шариф, нахуствазири Покистон наметавонад "бетарафиро риъоят кунад."

"Фарор намекунам"

Парвиз Мушарраф, ки дар соли 1999 ва замони нахуствазирии оқои Шариф фармондеҳи артиши Покистон буд, дар як кудетои низомиӣ қудратро дар кишвар ба даст гирифт. Пас аз ин кудето оқои Шариф муддате дар зиндон буд ва сипас аз кишвар хориҷ шуд.

Оқои Мушарраф то соли 2008, замоне ки давлати мунтахаб ӯро маҷбур ба истеъфо кард, раиси ҷумҳурии кишвар боқӣ монд ва пас аз канорагирӣ аз ин симат ҳам аз кишвар хориҷ шуд.

Дар моҳи марти соли гузашта (2013), замоне ки оқои Мушарраф дар ниҳоят аз табъиде худхоста ба кишвар бозгашт, умедвор буд битавонад раҳбарии ҳизби худ дар интихоботро ба даст бигирад, аммо радди салоҳият шуд ва дар иваз даргири силсилаи иттиҳомоте марбут ба давраи ҳукуматаш дар Покистон шуд.

Оқои Мушарраф ҳамвора аз наҳваи мудирияти худ дар 9 соли раёсати ҷумҳуриаш дифоъ карда ва гуфта "ҳар кор кардам барои рифоҳ ва беҳбуди вазъи Покистон ва мардумаш буд, ман бо иттиҳомотам рӯбарӯ мешавам ва қасди фирор надорам."

Бархе аз нозирон мегӯянд, ки бисёре аз шаҳрвандони Покистон бар ин ақидаанд, ки давлати кунунӣ ба раҳбарии Навоз Шариф дар назар дорад аз муҳокимаи оқои Мушарраф барои мунҳариф кардани афкори умумӣ аз мушкилоти кишвар, бавижа масойили иқтисодӣ, баҳрабардорӣ кунад.

Матолиби муртабит