Карзай: Озодии зиндониёни афғон рабте ба Омрико надорад
Image copyrightAPҲомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, рӯзи панҷшанбе дар Онкоро гуфт, ки Иёлати Муттаҳида бояд эътибори дастгоҳи қазоии Афғонистонро ба расмият бишносад.
Ӯ таъкид кард Афғонистон як кишвари мустақил аст ва агар дастгоҳи қазоӣ тасмим мегирад бархе зиндониёнро озод кунад, ин масъала иртиботе ба Омрико надорад.
Ӯ аз Омрико хоста, ки аз таъарруз ба дастгоҳи қазоии Афғронистон даст бардорад.
Изҳороти оқои Карзай пас аз озодии ҷанҷолбарангези 65 нафар аз зиндониёни Багром баён шудааст.
Раиси ҷумҳури Афғонистон ин суханонро дар кунфронси хабарӣ дар Онкоро ва пас аз гуфтугӯҳои сеҷонибаи Афғонистон, Покистон, Туркия баён кард. Амният ва сулҳ дар Афғонистон меҳвари аслии ин гуфтугӯҳо буд.
Нишасти сеҷониба
Нишаст дар қасри раёсати ҷумҳурии Туркия баргузор шуд ва пеш аз он Абдуллоҳ Гул, раиси ҷумҳурии Туркия, бо раиси ҷумҳурии Афғонистон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири ин кишвар бо ҳамтои покистониаш Навоз Шариф дидор кард.
Дар давраи тозаи гуфтугӯҳо миёни се кишвар шумори зиёде аз мақомҳои амниятии се кишвар шомили вазири дохила ва раиси амнияти миллии Туркия низ ширкат карда буданд.
Ҳарчанд ҷузъиёти зиёде дар бораи гуфтугӯҳо миёни мақомҳои се кишвар дар Онкоро мунташир нашудааст, аммо мақомҳои Туркия гуфтаанд бо таваҷуҳ ба равобити дӯстона ва фарҳанги муштарак бо Афғонистон ва Покистон, алоқаманд ҳастанд ба овардани сулҳ дар минтақа кумак кунанд.
Дар поёни гуфтугӯҳо мақомҳои се кишвар гуфтанд ба талош барои овардани сулҳ ба Афғонистон идома хоҳанд дод. Ҳарчанд ин ҳаштумин боре аст, ки мақомҳои аршади се кишвар даври ҳам ҷамъ мешаванд, аммо зоҳиран ин гуфтугӯҳо ва дидорҳо то ҳоло таъсире бар вазъияти амниятии Афғонистон ва ё беҳбуди равобити миёни Афғонистон ва Покистон надоштааст.
Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, дар поёни дидор гуфт кишвараш ба доштани равобити хуб ва дӯстона бо Афғонистон мутаъаҳҳид аст, кишваре ки борҳо аз сӯйи давлати Афғонистон ба ҳимоят аз Толибон муттаҳам шудааст.
Дар тозатарин изҳорот аз ин даст вазири хориҷаи Афғонистон, ки дар гуфтугӯи сеҷониба ширкат дошт, гуфт Покистон бояд Толибонро мутақоъид кунад, ки бар сари мизи музокира нишинанд.
Зарор Аҳмад Усмонӣ ҳамчунин гуфт ҷангҷӯёни толиб дар хоки Покистон паноҳгоҳ доранд. Ин иддаъо ҳамвора рад шудааст.
Дар пайи танишҳои сиёсӣ миёни Афғонистон ва Покистон, Туркия дар соли 2007 барои миёнҷигарӣ байни ду кишвар ва ёрии Афғонистон барои кумак ба Толибон эъломи омодагӣ кард.
Ин кумак шомили тарҳе барои гушоиши як дафтар барои Толибон дар Туркия ҳам мешуд, тарҳе, ки шуморе аз аҳзоби сиёсии мухолифи давлат дар Туркия дар вокуниш ба он гуфтанд, эҳтимолан метавонад роҳро барои ҳузури гурӯҳҳои тундрави мусаллаҳ дар Туркия ҳам боз кунад.
Тамоюли давлати Туркия ба заминасозӣ барои оғози гуфтугӯҳои сулҳ дар Афғонистон пойи шуморе аз аъзои гурӯҳи Толибонро ба ин кишвар ҳам боз кард, аз ҷумла Мулло Оғоҷон Муътасам аз аъзои барҷастаи гурӯҳи Толибон.
Ҳарчанд Толибон эълом карданд, ки Оғоҷон Муътасам дигар иртиботе бо ин гурӯҳ надорад, аммо бисёре ба ин боваранд, ки ӯ ҳанӯз ҳам аз чеҳраҳои бонуфуз дар миёни Толибон аст.
