Дидори расмии нахуствазири Покистон аз Тоҷикистон

  • 16 Июн, 2014
Нишасти матбӯъотии ВХТImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Атоев гуфт, ки нахуствазири Покистон бо ҳамтои тоҷики худ низ мулоқот анҷом хоҳад дод

Масъулони Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз сафари нахуствазири Покистон ба Тоҷикистон хабар доданд.

Рӯзи душанбеи 16 июн, сухангӯи ин вазорат дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод гуфт, ки қарор аст, Навоз Шариф баъд аз зӯҳри фардо ба Тоҷикистон биёяд.

Абдулфайз Атоев, сухангӯйи ин вазорат мегӯяд, ки оқои Шариф барои сафари дурӯза ба Тоҷикистон омада ва ин дидор баъд аз зӯҳри рӯзи сешанбе аз мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз хоҳад шуд.

Оқои Атоев афзуд: “Дар ҷараёни ин сафар панҷ санади ҳамкориҳои миёни Покистон ва Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла, иқтисодӣ, маъориф ва иҷтимоъӣ ба имзо хоҳад расид.”

Дар чаҳорчӯби мулоқоти фардои раҳбарони ду кишвар, ҳамчунин, ҳайъатҳои корӣ аз ду кишвар дурнамои тақвияти ҳамкориҳои мухталифи миёни Тоҷикистону Покистонро баррасӣ хоҳанд кард

Оқои Шариф дар ҷараёни ин дидори худ бо Қоҳир Расулзода, ҳамтои тоҷики худ низ мулоқот анҷом хоҳад дод.

Оқои Атоев афзуд, ки то ҳол миёни ин ду кишвари минтақа ҳудуди 40 санади ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф имзо шудаанд.

Муносиботи диплумотик миёни Покистон ва Тоҷикистон дар соли 1992 оғоз шуда буд ва Покистон дар соли 1993 дар Тоҷикистон сафорати худро боз кард.

Сафорати Тоҷикистон дар Покистон аз соли 2005 бад ин сӯ фаъъолият мекунад.

Дар ин муддат Эмомалӣ Раҳмон чаҳор маротиба сафари расмӣ ба Покистонро анҷом дода ва раиси ҷумҳурии Покистон се бор бо дидорҳои расмӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар аввали соли 2013, миёни вазоратхонаҳои хориҷии ду кишвар ҳамоиши машваратӣ доир шуда ва дар ҷараёни он тавофуқ барои “Барномаи ҳамкориҳои миёни ин ду ниҳод барои солҳои 2013-2016” ба даст омад.

Тибқи иттилоъи расмӣ дар соли 2013 мизони табодули коло миёни Тоҷикистону Покистон беш аз 84 милюн дулорро ташкил кардааст, ки беш аз 64 милюн дулор аз он воридоти коло аз Покистон ба ин кишвар будааст. Нақши давлати Покистон ба вижа дар заминаи кумакҳои низомӣ ба Тоҷикистон ва арсаи энержӣ арзанда хонда мешавад.

Матолиби муртабит