Кушта шудани размандагони ӯзбак дар шимоли Покистон

  • 16 Июн, 2014
ҶангандаҳоImage copyrightGetty
Image caption Бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Покистон дар Вазиристони Шимолӣ беш аз 100 размандаи ӯзбак кушта шудаанд

Бино ба иттилоъи давлати Покистон, дар Вазиристони Шимолии ин кишвар манозили пайкорҷӯён ҳадафи ҳавопаймоҳои ҷангӣ қарор гирифтааст.

Ин манбаъ гуфтааст, бар асари ин ҳамла беш аз 100 нафар пайкорҷӯён кушта шудаанд. Аммо ин хабар аз ҷониби манобеъи мустақил таъйид нашудааст.

Амалиёти ҷангӣ алайҳи гурӯҳи Толибони мутааллиқ ба “Ал-Қоъида” дар минтақаи кӯҳистонии Деҳқан анҷом шудааст.

Роҳандозии ин амалиёт ба тарки манзил кардани ҳазорҳо тан аз сокинони маҳаллӣ мунҷар шудааст.

Ба гуфтаи низомиёни Покистон, размандагони ӯзбак ҳадафи ин ҳамлаи ҳавоӣ буда, вале дар миёни кушташудагон размандагони хориҷии дигар низ будаанд.

Давлати Покистон гуфтааст, дар ҷараёни ҳамлаи ҳавоӣ Абу Абдураҳмон ал-Манӣ, размандаи ӯзбак, ки дар созмондиҳии ҳамлаи ҳафтаи гузашта ба фурудгоҳи шаҳри Карочии Покистон масъул маҳсуб мешавад, кушта шудааст.

Зимнан, Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон (ҶИӮ) масъулияти ҳамла ба фурудгоҳи шаҳри Карочиро, ки ба кушта шудани беш 30 нафар мунҷар шуда буд, ба ӯҳда гирифтааст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Дар ҳамла ба фурудгоҳи Карочӣ 10 пайкорҷӯйи ӯзбак ширкат доштанд

Дар баёнияи Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон омадааст, ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Покистон ба маҳалли зисти размандагони ӯзбак навъи посух ба ҳамлаи фурудгоҳи Карочӣ будааст.

Дар торнамои ҶИӮ акси 10 размандаи ӯзбак, ки дар ҳамла ба фурудгоҳи Карочӣ кушта шуда буданд, таҳти унвони “Чеҳраҳои фидоӣ” мунташир шудааст.

Давлати Покистон низ ба даст доштани размандагони ӯзбакистонӣ дар ин ҳамла ишора карда ва гуфта буд, хуни размандагони кушташуда тавассути ДНК ташхис мешавад.

Ба гуфтаи хабарнигорони Би-би-сӣ, ҳамлаи шаби гузашта ба манозили размандагони ӯзбак мумкин аст ба музокироти давлати Покистон бо Ҷунбиши Толибони ин кишвар соя андозад.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ ин музокирот шурӯъ шуда, аммо натоиҷи чашмгире надошта ва ҳамалоти размандагон дар Покистон ҳамчунон идома доштааст.

Давлати Покистон дар зарфи даҳ соли ахир алайҳи гурӯҳҳои исёнгар амалиёти ҷангӣ анҷом дода ва дар ҷараёни онҳо садҳо тан аз аъзои Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон кушта шудаанд.

Зимнан, размандагони ӯзбак бо ваҳшоният ва бераҳмии худ шинохта шудаанд. Чанд соле қабл, ҶИӮ дар шабакаи Интернет навори видюии эъдом ё қатли чанд узви ҷавони ин созмонро, ки ба ҷосусӣ барои давлати Покистон муттаҳам шуда буданд, мунташир карда буд.

Матолиби муртабит