Зани покистонӣ дар баробари додгоҳи олии Лоҳур тавассути аъзои хонаводааш кушта шуд
Image copyrightReutersЯк зани покистонӣ ба далели издивоҷи бидуни иҷозаи хонавода дар баробари сохтмони додгоҳи олии Лоҳур тавассути бастагон сангсор шудааст.
Пулиси Покистон гуфтааст, ки Фарзонабибии 30-сола, ки гуфта мешавад семоҳа ҳомила буд, пас аз он ки дар ин маҳал бо оҷур ва чумоқ мавриди ҳамла қарор гирифт, кушта шуд.
Падари ин зани покистонӣ худро таслими пулис кардааст, аммо бародарон ва номзади собиқаш, ки дар ин ҳамла даст доштанд, ҳанӯз боздошт нашудаанд.
Хабарнигорон мегӯянд, ки садҳо духтар ва зани покистонӣ ҳарсола тавассути аъзои хонаводаи худ ба қатл мерасанд.
Ин дар ҳоле аст ки теъдоди зиёде аз ин маворид ҳиҷ гоҳ гузориш нашуда ва сабт намешавад.
Падар ва модари Фарзонабибӣ Муҳаммад Иқбол, шавҳари ӯро муттаҳам карданд, ки духтарашонро рабуда ва алайҳи ӯ ба додгоҳи олии Лоҳур шикоят карданд, аммо Фарзонабибӣ ба пулис гуфт, ки ӯ ба майли худаш бо ин мард издивоҷ кардааст.
Пулиси Покистон гуфта, ки ин ду ба муддати чанд сол номзад буданд.
Фарзонабибӣ имрӯз барои ширкат дар ҷаласаи додгоҳ дар садади вуруд ба додгоҳи олии Лоҳур буд, ки ба гуфтаи пулис чанд нафар аз аъзои хонавода ӯро ба каноре кашиданд ва ба Фарзонабибӣ ва шавҳараш ҳамла карданд. Дар ин ҳамалот шавҳари ӯ муваффақ ба фирор шуд.
Як мақоми пулиси Покистон ба хабаргузории Руйтерз гуфтааст, ки пас аз қатли Фарзонабибӣ тамоми аъзои хонаводаи ӯ ба ҷуз падараш фирор карданд, ки дар ҳузури пулис ба нақшаш дар куштани духтараш эътироф кард.
Шамоила Ҷаъфарӣ, хабарнигори Би-би-сӣ дар Покистон мегӯяд, ки издивоҷ бар хилофи тамоюли хонавода дар бархе нуқоти Покистон иқдоме ғайриқобилиқабул ба шумор меравад.
Тибқи қавонини Покистон хонаводаи мақтул метавонад қотилро бибахшад. Ин дар ҳоле аст ки дар бисёре аз маворид аъзои хонаводаи мақтул дар қатл даст доштаанд.
