Инфиҷори бозори меваи Покистон бист кушта ва сад маҷрӯҳ дошт

  • 9 Апрел, 2014
Image copyrightAP
Image caption Пулис машғули баррасии саҳнаи инфиҷори бумб ва осори баҷомонда аз инфиҷор дар бозори мева ва тарбори наздики Исломобод аст.

Пулиси Покистон мегӯяд инфиҷоре маргбор дар ҳумаи шаҳри Исломобод, пойтахти ин кишвар дастикам 20 кушта барҷой гузоштааст.

Ин инфиҷори шадид авоили субҳи чаҳоршанбеи 9 апрел дар як бозори мева ва тарбори пуриздиҳом иттифоқ афтод.

Бар асоси гузоришҳо, бумб дар ҷаъбаи мева ҷосозӣ шуда будааст.

Гузориш шуда беш аз 100 нафар ҳам дар ин бумбгузорӣ захмӣ шудаанд.

Ба гузориши яке аз хабарнигорони хабаргузории Фаронса, ки дар маҳалли ҳодиса буда, бумб чуқурие ба умқи як метру ним эҷод кардааст.

Ин инфиҷор як рӯз баъд аз бумбгузории як гурӯҳи ҷудоиталаб дар Балучистони Покистон иттифоқ меафтод. Дар ҳодисаи дирӯз 13 нафар кушта шуданд.

Аз назари шумори кушташудаҳо ҳодисаи имрӯз маргбортарин сониҳа дар пойтахти Покистон аз замони бумбгузории ҳутели Мориути Исломобод дар соли 2008 будааст.

Покистон дар моҳи гузашта баъд аз охирин боре, ки ҳамла ба додгоҳе дар Исломобод боъиси марги 11 нафар шуд, рӯзҳои ороме дошт.

Image copyrightAFP
Image caption Бумб дар соъати пуррафту омади бозор мунфаҷир шуд

Покистон ва Толибон дар ҳоли ҳозир дар даврони сулҳи муваққат ба сар мебаранд.

Беш аз як моҳ пеш дар авоили моҳи марти имсол сухангӯйи Толибони Покистон дар баёнияе гуфта буд барои эҳёи музокироти сулҳ бо давлати Покистон як моҳ оташбас барқарор хоҳад кард.

Толибон даст доштан дар ин ҳамларо рад кардаанд.

Дафтари нахуствазирии Покистон гуфта ин бумбгузорӣ кори душманони кишвар аст, ки намехоҳад оромиш барқарор шавад.

Матолиби муртабит