Ҳамла ба додгоҳе дар Исломобод 11 кушта бар ҷой гузошт
Image copyrightReutersБар асари ҳамлаи ситезаҷӯён дар Исломобод, пойтахти Покистон ҳаддиақал 11 нафар кушта шудаанд.
Ин ҳамла дар авоили субҳи имрӯз (3 март) дар маркази Исломобод ва дар сохтмони як додгоҳи маҳаллӣ рух дод.
Як қозии додгоҳ, ки ба ҳангоми ҳамла дар ҷаласа буда, низ дар байни кушташудагон аст.
Гурӯҳе ношинохта ба номи "Аҳрори Ҳинд" дар тамос бо Би-би-сӣ масъулияти ин ҳодисаро бар уҳда гирифтааст.
Сухангӯи ин гурӯҳ ба Би-би-сӣ гуфт, ки аҳкоми чунин додгоҳ ғайриисломӣ аст.
Пештар Толибони Покистон гуфта буд, ки онҳо дар ин ҳамла дахолате надоштаанд.
Яке аз фармондеҳони Толибон гуфтааст, ки онҳо ба оташбасе, ки эълом кардаанд, пойбанд ҳастанд.
Рӯзи шанбе Шоҳидуллоҳ Шоҳид, сухангӯи Толибони Покистон тайи баёнияе эълом кард, ки барои эҳёи музокироти сулҳ бо давлати Покистон як моҳ оташбас барқарор хоҳад кард.
Ӯ гуфт аз пайкорҷӯёни Толибон хоста шуда аз ҳар гуна фаъолияти низомӣ дар ин як моҳ худдорӣ кунанд.
Ба дунболи ин таҳаввул дирӯз, якшанбе низ Чудрӣ Нисор Алихон, вазири кишвари Покистон гуфт, ки давлат амалиёти ҳавоӣ алайҳи ситезаҷӯёни Толибонро мутаваққиф хоҳад кард.
Ӯ дар айни ҳол аз эъломи оташбаси якмоҳаи эъломшуда аз суи толибони Покистон истиқбол кард.
Вазири кишвари Покистон дар айни ҳол таъкид кардааст, ки нерӯҳои низомии ин кишвар ин ҳақро барои худ маҳфуз медоранд, ки ҳар гуна хушунате аз суи Толибонро посух диҳанд.
