Ҳамлаи ҷангандаҳои Покистон ба мавозеъи шибҳнизомиёни узбак дар Вазиристони Шимолӣ

  • 15 Июн, 2014
Image caption Теъдоди зиёде аз сокинони маҳаллӣ ба хотири нигаронӣ аз ҳамалоти давлатӣ минтақаро тарк кардаанд

Ҷангандаҳои нерӯи ҳавоии Покистон ба махфигоҳҳои шибҳнизомиёни тундрав дар шимоли ғарбии ин кишвар ҳамла кардаанд.

Мақомҳои амниятӣ аз кушта шудани ҳудуди яксад нафар аз тундравон дар ин ҳамалот хабар додаанд, аммо ин рақам аз сӯйи манобеъи мустақил таъйид нашудааст.

Ин ҳамалот дар Вазиристони Шимолӣ ва алайҳи шибҳнизомиёни ӯзбак сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад тундравони узбак дар ҳамлаи якшанбеи пеши Толибони Покистон ба фурудгоҳи Карочӣ ширкат доштаанд.

Ба гуфтаи як мақоми маҳаллӣ, ин ҳамла пас аз он сурат гирифт, ки иттилоъоти таъйидшудае аз ҳузури тундравони узбак дар манотиқе аз Вазиристон ба даст омад.

Ин дувумин ҳамлаи нерӯи ҳавоии Покистон ба ин минтақа дар як ҳафтаи гузашта аст.

Дар ҳамлаи Толибони Покистон ба фурудгоҳи Карочӣ, ҳадди ақал 30 нафар кушта шудаанд.

Давлати Покистон аз моҳи март машғули музокироти сулҳ бо Толибон дар ин кишвар будааст.

Гуфта мешавад ҳамла ба фурудгоҳи Карочӣ ин музокиротро таҳтушшуъоъ қарор додааст.

Матолиби муртабит