Афроди мусаллаҳ ба наздики фурудгоҳи Карочӣ ҳамла карданд

  • 10 Июн, 2014

Як рӯз пас аз ҳамлаи пайкорҷӯёни Толибон ба фурудгоҳи Карочӣ, даргирии шадиде миёни умҳоҷимони мусаллаҳ ва нерӯҳои амниятӣ дар наздикии ин фурудгоҳ рӯй додааст.

Мақомҳои маҳаллӣ мегӯянд афроди мусаллаҳ рӯзи сешанбеи даҳи июн ба як урдугоҳи омӯзишии нерӯҳои анмиятии Покистон дар наздикии фурудгоҳи Карочӣ ҳамла карданд.

Ҳанӯз мушаххас нест ин ҳамла талафоте барҷой гузошта ё на.

Мақомҳоли покистонӣ гуфтаанд, ки куллия парвозҳои фурудгоҳи байналмилалии Карочӣ, ки яке аз бузургтарин ва шулӯғтарин фурудгоҳҳои Покистон аст, ба ҳолати таълиқ даромадааст.

Ҳамлаи пайкорҷӯёни Толибон ба фурудгоҳи Карочӣ сӣ кушта бар ҷой гузошт.

Гузоришҳо аз ҳамлаи имрӯз ҳокӣ аз он аст, ки худраве ҳомили пайкорҷӯён дар баробари як масал, ки мутел, ки искони нерӯҳои амниятии Покистон буд, мутаваққиф шуд ва сарнишинони онҳо бо Ор-пи-ҷӣ ин сохтмонро ҳадаф қарор доданд.

Матолиби муртабит