Поёни даргирӣ дар фурудгоҳи Карочӣ: 28 нафар кушта шуданд

  • 9 Июн, 2014
Фурудгоҳи КарочӣImage copyrightAFP GETTY
Image caption Артиши Покистон фурудгоҳро таҳти кунтрул даровадааст

Мардони мусалллаҳ дар ҳамла бар терминоли қадимии фурудгоҳи шаҳри Карочии Покистон дасти кам 18 тан аз нерӯҳои амниятӣ ва кормандони фурудгоҳро куштанд.

Як сухангӯйи пулиси Покистон мегӯяд, ҳамаи 10 нафар муҳоҷиме, ки дар ин ҳамла даст доштанд, кушта шудаанд.

Тибқи гузориш аз бемористон, 9 нафар аз кушташудагон аз нерӯҳои амниятии фурудгоҳ будаанд. Як нафар аз нерӯҳои шибҳанизомӣ, як нафар пулис, як корманди созмони ҳавопаймоии кишвар ва як корманди хатти ҳавойии Покистон дар миёни кушташудагон будаанд.

Командуҳои артиши Покистон аз лаҳзаи шурӯъи даргирӣ ба фурудгоҳ фаро хонда шуданд то кунтрули авзоъро ба даст бигиранд.

Даргирӣ дар фурудгоҳи Ҷиноҳ ҳудуди 5 соъат ба тӯл анҷомид. Ин фурудгоҳ пуртарадидтарин фурудгоҳи Покистон аст. Карочӣ ҳам бузургтарин шаҳри ин кишвар ва қалби иқтисодии он аст.

Гумон меравад, ки муҳоҷимон бо кортҳои шиносии тақаллубӣ вориди тернимоли қадимӣ шуданд, ки ҳоло барои парвозҳои борӣ ва мусофирони вижа ба кор меравад.

Як мақоми расмӣ ба хабарнигорон гуфт, теъдоде аз муҳоҷимон либосҳои махсуси нерӯҳои амниятии фурудгоҳҳои Покистонро ба тан карда буданд.

Ба гуфтаи ӯ, ин афрод маводди мунфаҷираро ба баданашон баста буданд. Яке аз онҳо қасд карда буд, то як ҳавопаймои созмони ҳавопаймоии кишвариро бирабояд, ки як маъмур ба ӯ тирандозӣ мекунад.Тирандозӣ сабаби инфиҷори бамбҳое мешавад, ки ӯ ба худ баста буд.

Гузориш шуда, ки яке дигар аз онҳо ҳам ба маҳзи тир хӯрдан мунфаҷир шудааст.

Ассошиейтид Пресс гузориш карда, ки ин мақом ном ва симаташро ба хабарнигорон нагуфта ва танҳо ба баёни ин нукта басанда карда, ки корманди яке аз созмонҳои иттилоотии Покистон аст.

Ғуломқадир Сабу, аз мақомҳои пулис ҳам ба хабарнигорон гуфт, садои яке аз инфиҷорҳо марбут ба яке аз муҳоҷимон буда, ки ба маҳзи муқобала бо нерӯҳои пулис худро мунфаҷир кардааст.

Ҳамлаи муҳоҷимон дақоиқе баъд аз нимашаб ба вақти маҳаллӣ анҷом шуд.

Ингнос Висилиюс, тоҷире аз Литвунӣ, ки бо парвозе аз Лоҳур ба Карочӣ расида буд, мушоҳидаашро ин тавр шарҳ дод: “Замоне, ки ба солуни махсуси гирифтани борҳоямон ворид шудем, садои инфиҷорро шунидем ва баъд хеле сареъ нерӯҳои амниятӣ дарҳоро бастанд ва аз ҳама хостан то сари ҷояшон бимонанд. Ҳудуди 20 то 30 дақиқа баъд артиш омад ва кутрули тамоми вурудиҳо ва хуруҷиҳоро ба даст гирифт.”

Пештар гузориш шуда буд, ки як ҳавопаймо дар ин даргирӣ ба оташ кашида шудааст, аммо дар гузориши артиш омада, ки ҳеч ҳавопаймое оташ нагирифта ва садои инфиҷор аз анбори сӯхт будааст.

Қаюмалӣ Шоҳ, сарвазири устони Синд, ки аз замони шурӯъи даргирӣ дар маҳалл ҳозир буд, ба хабарнигорон гуфт, 10 муҳоҷиме, ки дар ин ҳамла даст доштанд, хеле худ омӯзиш дида буданд.

Ӯ гуфт, онҳо корашонро хеле дақиқ барномарезӣ карда буданд ва қасд доштанд ба ҳавопаймоҳо ва сохтмонҳои фурудгоҳ осеб бирасонанд, ки муваффақ ба анҷоми ин кор нашуданд.

Дар маҳалли ҳодиса 4 аслиҳаи худкор ва 1 хунпартоандоз пайдо шудааст.

Артиш эълом кардааст, ки даргирӣ тамом шудааст. Фурудгоҳ дасткам то душанбешаб ба вақти маҳаллӣ таътил хоҳад буд.

Дар замони ҳамла там оми фаъъолияти фурудгоҳ қатъ шуда, парвозҳо ба фурудгоҳҳои дигар фиристода шуданд. Мусофирону кормандони ширкатҳои ҳавойӣ аз фурудгоҳ тахлия шуданд.

Image copyrightAFP
Image caption Як корманди пулис ҳамкорашро ба бемористон мунтақил мекунад
Image copyrightAFP
Image caption Сабаби инфиҷорҳо бастаҳои маводди муфаҷираи муҳоҷимон будааст

Матолиби муртабит