Норендро Мудӣ ва Навоз Шариф дар Деҳлӣ дидор карданд

  • 27 Май, 2014
Навоз Шариф ва Норендро Мудӣ Image copyrightAFP GETTY

Норендро Мудӣ, нахуствазири ҷадиди Ҳинд дар аввалин рӯзи ба қудрат расиданаш бо Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, ки барои маросими таҳлиф ба Ҳинд сафар карда буд, дидор кардааст.

Нахуствазирони Ҳинд ва Покистон дар баробари дурбинҳои шабакаҳои телевизиюнӣ бо якдигар даст доданд ва лабханд заданд, аммо бо хабарнигорон гуфтугӯ накарданд.

Таҳлилгарон мегӯянд дидори Навоз Шариф ва Норендро Мудӣ метавонад ба маънои коҳиши танишҳо дар равобити ду кишвари ҳастаӣ бошад, ки маъмулан рӯйкарде хасмона ба якдигар доранд.

Равобити миёни Ҳинд ва Покистон аз замони ҳамлаи пайкорҷӯёни покистонӣ ба Мумбойи Ҳинд дар соли 2008 бо таниш ҳамроҳ будааст. Дар ин ҳамла афроди мусаллаҳ 166 нафарро куштанд.

Гуфта шуда ки раҳбарони Ҳинд ва Покистон дар бораи масойили амниятӣ ва тиҷорӣ гуфтугӯ кардаанд.

Оқои Мудӣ имрӯз ҳамчунин бо Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон низ дидори кӯтоҳмуддате доштааст. Оқои Карзай аввалин раҳбари хориҷӣ аст, ки бо оқои Мудӣ пас аз ба қудрат расиданаш дидор кард.

Аз Эрон Ғуломризои Ансорӣ, сафири Эрон дар Ҳинд дар маросими таҳлиф ҳузур дошт. Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон пештар тайи номае ба оқои Мудӣ, пирӯзии ӯро дар интихоботи Ҳинд табрик гуфта буд.

Норендро Мудӣ имрӯз ҳамчунин бо раиси ҷумҳурии Сри-Лонко, нахуствазири Непол ва раҳбарони Мулдовӣ, Бутон, Мурис ва Банглодеш дидор кард.

Кобинаи ҷадид

Оқои Мудӣ ҳамчунин кобинаи ҷадиди Ҳиндро муъаррифӣ кардааст.

Орун Ҷойтлӣ, аз наздикони оқои Мудӣ ба унвони вазири дороӣ ва дифоъ мансуб шудааст. Сушмо Свороҷ ҳам ба унвони вазири умури хориҷаи ҷадид мансуб шудааст. Ӯ аввалин вазири умури хориҷаи зани Ҳинд ба шумор меравад.

Роҷнот Синг, раиси ҳизби Биҷейпӣ ба унвони вазири кишвар интихоб шудааст.

Оқои Мудӣ Монико Гондӣ, зани бародари Роҷив Гондӣ, нахуствазири собиқи Ҳиндро ба унвони вазири ҷадиди занон ва умури кӯдакон интихоб кардааст. Хонуми Гондӣ ва писараш даҳ сол пеш ба узвияти ҳизби Бҳоротиё Ҷоното даромаданд.

Таҳлиф

Нориндро Мудӣ, нахуствазири тозаи Ҳинд, дирӯз душанбеи (24 май/6 хурдод) дар маросиме дар Деҳлӣ, пойтахти ин кишвар маросими савганд ба ҷо овард.

Ба дунболи интихоботи ахири Ҳинд ҳизби Бҳоротиё Ҷоното, ба ихтисор Биҷейпӣ ба пирӯзӣ расид.

Дар ин интихобот, ки ҳудуди як моҳ ва дар тайи 9 марҳала анҷом шуд, беш аз 800 миллиюн нафар воҷиди шароити раъйдиҳӣ буданд.

Ба гуфтаи мақомоти кумиссиюни интихоботи Ҳинд, интихоботи ахири саросарии маҷлиси намояндагони Ҳинд мавсум ба "Лук Сабҳо" бештарин нархи мушорикатро дар торихи интихоботи порлумонии ин кишвар шоҳид будааст.

Ҳизби Биҷейпӣ дар ин интихобот тавонисти шигифтӣ биёфаринад ва барои аввалин бор дар тӯли сӣ соли гузашта аввалин ҳизбе шуд, ки тавонист аксарияти порлумониро ба даст оварад.

Матолиби муртабит