Маросими таҳлифи нахуствазири тозаи Ҳинд баргузор шуд
Image copyrightReutersНориндро Мудӣ, нахуствазири тозаи Ҳинд имрӯз дар маросиме дар Деҳлӣ, пойтахти ин кишвар маросими савганд ба ҷо овард.
Дар ин маросим Навоз Шариф, нахуствазири Покистон низ ширкат дошт.
Аз замони истиқлоли ду кишвари Ҳинд ва Покистон дар соли 1947 ин барои аввалин бор аст, ки нахуствазире аз як аз ин ду кишвар дар маросими таҳлифи нахуствазири дигаре ширкат мекунад.
Ба дунболи интихоботи ахири Ҳинд ҳизби Бҳоротиё Ҷоното, ба ихтисор Биҷипӣ ба пирӯзӣ расид.
Дар ин интихобот, ки ҳудуди як моҳ ва дар тайи 9 марҳала анҷом шуд, беш аз 800 миллиюн нафар воҷиди шароити раъйдиҳӣ буданд.
Ба гуфтаи мақомоти кумиссиюни интихоботи Ҳинд интихоботи саросарии маҷлиси намояндагони Ҳинд мавсум ба "Лук Сабҳо" бештарин нархи мушорикатро дар торихи интихоботи порлумонии ин кишвар шоҳид будааст.
Ҳизби Биҷипӣ дар ин интихобот тавонист шигифтӣ биофаринад ва барои аввалин бор дар тӯли сӣ соли гузашта аввалин ҳизбе шуд, ки тавонист аксарияти порлумониро ба даст оварад.
Дар маросими таҳлифи оқои Мудӣ, ки дар муқобили кохи раёсати ҷумҳурии ин кишвар баргузор мешавад, аъзои кишварҳои узви ҳамкориҳои ҷануби Осиё мавсум ба "Сорк" ширкат мекунанд. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон низ дар ин маросим ширкат кардааст.
Ҳинд ва Афғонистон аз равобити бисёр наздике бархурдоранд.
Бар асоси гузоришҳо ҳудуди 3 ҳазор нафар дар маросими таҳлифи ширкат доранд. Аммо ҳузури нахуствазири Покистон дар ин маросим бавижа таваҷҷуҳи маҳофили сиёсӣ ва расонаҳоро ба худ ҷалб кардааст.
Ду кишвари Ҳинд ва Покистон аз замони истиқлоли худ то кунун се бор бо якдигар даргирии тамом айёри низомӣ ва теъдоди зиёде даргириҳои кучактари марзӣ доштаанд.
Ҳузури ҳизби ҳиндуи миллигарои Бичипӣ дар раъси қудрат дар Ҳинд нигарониҳоро доман задааст.
Бар асоси гузоришҳо қарор аст ду нахуствазир рӯзи сешанбе, фардо (27 май) бо якдигар мулоқот кунанд.
Нозирон иқдоми оқои Мудӣ дар даъвати нахуствазири Покистон ва қабули ин даъват аз суи оқои Шарифро талоши ду тараф барои шуруъи равобите бидуни таниш байни ду кишвар арзёбӣ мекунанд.
