Марде, ки аз мубориза бо фасод ба вазорат расид

  • 30 Декабр, 2013
Орвинд Кеҷривол
Image caption Орвинд Кеҷривол аз мубориза бо фасод ба мақоми сарвазирии Деҳлӣ расид

Орвинд Кеҷривол, сарвазири тозаи Деҳлӣ гуфтааст, ки 10 рӯз фурсат мехоҳад то равишеро барои баррасии шикоёти шаҳрвандони Деҳлӣ эҷод кунад.

Оқои Кеҷривол хитоб ба афроде, ки дар маҳали иқомати ӯ дар Деҳлӣ ҷамъ шуда буданд, то шикоёти худро ба вай бидиҳанд, гуфт ки ӯ пас аз он ки равиши назмбандиро барои расидагӣ ба ин тазаллумот эҷод кард, онҳоро таҳвил хоҳад гирифт.

Вай таъкид кард, ки давлаташ тоза фақат чанд рӯзе аст, ки бар сари кор омада ва ба чанд рӯз вақт ниёз дорад то системе барои расидагӣ ба шикоёт эҷод кунад.

Оқои Кеҷривол, як корманди пешини давлат рӯзи шанбеи 28 декабр дар маросиме бо ширкати ҳазорон тан аз ҳаводорон дар порке дар шаҳри Деҳлӣ савганд адо кард ва аввалин ҷаласаи кобинаи худро ташкил дод.

Ӯ қавл додааст, ки фасод дар идорот ва дигар ташкилоти давлатиро решакан кунад.

Орвинд Кеҷривол дар иқдоме комилан муғойир бо суннати роиҷ бо утубус ба маҳалли баргузории маросими савганди худ рафт.

Ҳизби "Одами оддӣ" тавонист дар интихоботи порлумонии ахири Деҳлӣ курсиҳое зиёдеро касб кунад ва худи оқои Кеҷривол муваффақ шуд, ки курсии Шило Дикшӣ, сарвазири собиқи Деҳлиро аз они худ кунад.

Хонум Дикшӣ, ки аз ҳизб Кунгре аст, дар се давраи гузашта (15 сол) сарвазири Деҳлӣ буд.

Ҳизби "Одаме оддӣ" дар интихоботи маҷлиси маҳаллӣ муваффақ ба касби 28 курсии порлумонӣ шуд. Маҷлиси маҳаллии Деҳлӣ дорои 70 курсии порлумонӣ аст.

Ҳизби "Одаме оддӣ" барои ташкили давлати маҳаллӣ дар Деҳлӣ аз ҳимояти ҳизби Кунгре бархурдор аст.

Сарвазири тозаи Деҳлӣ дар соли 2006 ба далели хадамоти иҷтимоии худ ва ибтикори муборизаи зиди фасод, ҷоизаи "Ромун Магсейсей"-ро рабуд, ҷоизаи муҳиме, ки аз он ба унвони "Ҷоизаи Нубели Осиё" ном бурда мешавад.

Ӯ дар соли 1968 дар иёлати шарқии Ҳорёно дар як хонавода аз табақаи мутавассит ба дунё омад.

Оқои Кеҷривол таҳсилоти олии худро дар яке аз муҳимтарин Муассисоти олии текнулуҷии Ҳинд (ОйТиТИ) ба поён расонд ва муваффақ ба ахзи дараҷаи муҳандисии меконик шуд.

Дар соли 1992 вориди хидмати давлат шуд, аммо дар соли 2006 аз мақоми худ истеъфо дод ва як созмони ғайридавлатӣ таъсис кард то тамоми вақти худро сарфи мубориза бо адами шаффофияти давлат ва боло бурдани сатҳи огоҳии мардум дар бораи ҳаққи бархурдорӣ аз иттилоъот кунад.

Бисёре аз ҳаводорони Орвинд Кеҷривол мардуми оддӣ ҳастанд ва исми ҳизби ӯ ҳам "Одаме оддӣ (Марде маъмулӣ)" аст.

Ӯ ду сол пеш пайкори зидифасод дар Ҳиндро ташкил дод, то давлати Ҳиндро ба бознигарӣ дар қавонини зиди фасод маҷбур кунад. Дар дувуми октябри 2012 дар солрӯзи таваллуди Моҳотмо Гондӣ оқои Кеҷривол ҳизби "Одаме оддӣ" (Марде маъмулӣ) - ро ташкил дод.

Мубориза бо фасод ва табъизи табақотӣ, ришвагирӣ ва кунтрули таваррум ба унвони аҳдофи аслии ин ҳизб муъаррифӣ шудааст.

Орвинд Кеҷривол пас аз пирӯзии ҳизбаш гуфт, ки мардуми Деҳлӣ нишон доданд, ки метавон бо садоқат вориди мубориза шуд ва ба пирӯзӣ расид.

Ӯ сипас афзуд: "Аз имрӯз мардум вориди саҳнаи сиёсат мешаванд. Раҳбарони фосид, рӯзҳои шумо ба поёни худ наздик мешавад."

Ҳизби Кунгреи Ҳинд ки пешбинӣ карда буд, ки ҳизби "Одаме оддӣ" наметавонад хашми мардумро табдил ба раъй кунад, дар ин интихобот шикасти сахте хӯрд ва фақат тавонист 8 курсии порлумониро ба даст оварад.

Матолиби муртабит