Як сол бидуни духтарам: иттифоқе, ки Ҳиндро буҳтзада кард

Дар моҳи декабри соли 2012 гурӯҳе аз мардон дар утубусе дар Деҳлӣ ба як духтари донишҷӯ борҳо таҷовуз карданд.
Он иттифоқ хашми ҷаҳонро барангехт ва боъис шуд давлати Ҳинд қавонин дар бораи таҷовузро бознигарӣ ва сахтгириҳои бештаре эъмол кунад. Додгоҳ мутаҷовизинро ба эъдом маҳкум кард.
Сутик Бисвоз, хабарнигори Би-би-сӣ дар Деҳлӣ, ба дидори хонаводаи қурбонӣ рафт, то бубинад баъд аз сари духтарашон зиндагӣ бар онҳо чигуна мегузарад.
Шонздаҳуми декабри соли 2012 буд. Падар баъд аз шонздаҳ соъати кор дар фурӯдгоҳи байналмилалии Деҳлӣ хаставу кӯфта ба хона баргашта буд.
Соъат аз як нимаи шаб гузашта буд. Пулисе нафассӯхта ва дар ҳоле ки забонаш банд омада буд, ба падар телефун карду гуфт, ки духтараш тасодуф карда ва ӯро ба бемористон мунтақил кардаанд. Як соъат баъд дар бемористон пизишкон ба ӯ гуфтанд, ки иддае мард дар утубусе дар ҳоли ҳаракат борҳо ба духтараш таҷовуз кардаанд. Ду ҳафта баъд духтар дар бемористоне дар Сангопур даргузашт.
"Бедор шав Ҳинд, ӯ мурдааст!" Ин титри яке аз рӯзномаҳои Ҳинд буд. Ин кишвар аз хашм барошуфт.
Барои хонаводаи духтари қурбонӣ зиндагӣ дар он лаҳза барои ҳамеша иваз шуд.
'Фақир будем, вале хобу ороме доштем'
Як сол баъд хонавода ба опортумоне дуутоқихоба, ки давлат ба онҳо эҳдо карда, нақли макон карданд. Опортумоне дар ҳумаи Деҳлӣ. Сохтмон бӯи рутубат медиҳад. Чароғи роҳи пиллаҳо (зинаҳо) кор намекунад. Вале ин хона дар муқоиса бо хонаи кулангияшон дар яке аз маҳаллаҳои фақирнишини Деҳлӣ, ки доим дар маърази селоби боронҳои мавсимӣ буд, вазъияти хеле беҳтаре дорад.
Кумпонии хусусӣ, ки фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳрро идора мекунад, ба падари духтар шуғли беҳтаре дода бо соъоти кори собит ва ҳуқуқе муъодили 326 дулор дар моҳ.
Кори тоза аз кори камаршикани қаблӣ, ки ҳамли чамадону бори мусофирони фурӯдгоҳ буд, хеле беҳтар аст. Дар он замон ӯ ду баробари соъоти феълӣ кор мекард ва моҳе саду ҳафт дулор ҳуқуқ мегирифт.
Ду писари хонавода ҳафдаҳ ва бисту яксолаанд. Хоҳари бисту сесолаашон фарзанди бузурги хонавода буд. Баъд аз марги хоҳарашон онҳо ҳоло дар яке аз маҳаллаҳои мураффаҳ дар як донишкадаи хуб дарс мехонанд. Писари бузургтар муҳандисии компютер мехонад ва бародари ҷавонтар мехоҳад пизишк шавад. Шаҳрияи (харҷи таҳсили) ҳардуи онҳоро давлат мепардозад.
Афкори умумии Ҳинд ба шакли хастагинопазире зиндагии онҳоро дунбол кардааст. Падар ва модари духтар доим ба телевизиюнҳои муҳимми Ҳинд даъват мешаванд. Ба маросими муҳимми фарҳангӣ барои эҳдои ҷавоиз ва ёдбуди духтарашон мераванд. Ҳамаи ҳамсояҳо медонанд онҳо хонаводаи қурбонии таҷовуз ҳастанд.
Опортмони нисбатан холии онҳо аз рифоҳе камранг ҳикоят дорад. Телевизюни кӯчаки рӯимизӣ бо пояҳои шикаста. Мошини либосшӯии арзон, як уҷоқи гоз ва як обгармкуни тоза дар ҳаммом бештари васоили хона аст.
Падар мегӯяд: "Фақр барои мо беҳтар буд. Фақир будем, аммо хуб мехобидем, хушҳолтар будем. Имрӯз мо ҳама чиз дорем ва ҳеч чиз надорем. Бидуни духтарам дунёи мо беранг шуда. Духтарам қалби тапандаи хонаводаи мо буд. Ҳаракат ва нерӯи хонавода аз ӯ меомад."
Рӯи як сандалии плостикӣ нишастааст. Сарашро пойин андохта, пушташро хам карда ва чашмҳояш ба замин дӯхта шудааст. Дастҳояш пина бастаанд. Дастҳои марде, ки солҳо коргарӣ карда. Аввал дар як корхонаи кӯчаки деги бухор ва баъд соъоти паёпайи кори тӯлонӣ дар фурӯдгоҳ, ҳамли бору чамадони мусофирон.
Басахтӣ кор карда ва хеле вақтҳо ду шифт дар рӯз, то харҷи таҳсили фарзандонашро дарбиёварад. Як қитъаи кӯчаки замини хонаводагиро ба 3222 дулор фурӯхт, то духтараш битавонад дар як давраи чаҳорсолаи физиютеропӣ сабти ном кунад. Даврае, ки духтар онро бо муваффақият ба поён расонд.
Ҳамсари 46-солааш, модари духтари қурбонӣ, як сории суратии рӯшан ба тан дорад. Чашмони холияш ба нуқтае хира мондааст. Писари кӯчактар берун бо телефунаш вар меравад. Офтоби камранги зимистон тақаллои вуруд ба дохили утоқи сардро дорад.
Бахше аз васоили духтарро ба хона тоза овардаанд.
Арӯсаки сӯратии маҳбубашро овардаанд. Модар вақти акс гирифтан арӯсакро рӯи тахт мегузорад ва мегӯяд бигзоред духтарам ҳам дар ъакс бо мо бошад. Купии баъзе аз китобҳои донишгоҳашро ҳам овардаанд. Вале хеле аз васоилро наовардаанд. Бародараш мегӯяд онҳоро дар хонаи қадимӣ гузоштаанд. Хонае, ки ҳоло яке аз аммаҳо дар он зиндагӣ мекунад. Китобҳояш. Ёддоштҳояш. Руъёҳояш. Идомаи сӯгу андӯҳ зиндагиро осон намекунад.
Модар дар хобҳои шабона ташаннуҷ мегирад. Аз тасаввури ин ки бар духтараш чи гузашта, арақи сарде бар баданаш менишинад.
'Нигарон набошед, ман мувозибатон ҳастам'
Андӯҳ ҳар якшанбе бар суроғи модар меояд. Рӯзи таътил аъзои хонавода, ки ҳама канори ҳам хуш буданд. Якшанбе рӯзи сарнавишти духтар буд. Рӯзе, ки бо дӯсташ рафт, то аввалин филми синемоӣ ба забони инглисиро дар зиндагияш бибинад. Филми "Зиндагии Пӣ". Якшанбеҳо сахттарин рӯзҳо ҳастанд. Якшанбеҳо ингор ӯ дар атрофи хонавода дар ҳаракат аст.
Модар хеле аз хона берун намеравад, аз замони марги духтараш чизе барои худаш нахарида. Бехобӣ ӯро бемор кардааст. Уфунати гӯшаш як амали ҷарроҳии сода ниёз дорад, вале ӯ ин корро накарда ва ҳамчунон аз он ранҷ мебарад.
Он чи барои хонаводаи духтар боқӣ монда, хотироти ӯст. Хотироти хуб. Хотироти бад. Ва як хоб.
"Ӯро дар хоб мебинам. Ба як ҳутел барои диданаш рафтаем. Ӯ меояд канори ман меистад ва мепурсад пул лозим дорем? Ман мегӯям на, пул намехоҳем. Фақат мувозиби бародарҳоят бош. Ва баъд ӯ нопадид мешавад."
"Духтарам ҳамеша дар хобҳоям ба ман мегӯяд нигарони пул набош. Мегӯяд худаш мувозиби хонавода хоҳад буд."
Падар мегӯяд: "Ин корест, ки фақр бо одам мекунад. Ҳамеша ба фикри пул ҳастед. Ин ки оё пули кофӣ дар ҷайбатон доред, то ҷасади духтаратонро бо худ ба хона бибаред."
"Вақте шаби шонздаҳуми декабр ба бемористон рафтам, пизишкон гуфтанд духтаратон бештар аз ду соъат зинда нахоҳад монд. Аввалин фикре, ки ба зеҳнам хутур кард, ин буд, ки чи тур ҷасадашро ба хона бибарам."
"Бо дӯстам онҷо рафта будам. Ҳардуи мо бо ҳам шонздаҳ дулор бештар надоштем. Ин пул барои дуктур ва омбулонс кофӣ буд? Ӯ он шаб зинда монд. Рӯзи баъд як сиёсатмадор ба дидани мо омад. Ба ман ҳудуди 400 дулор пул дод. Хаёлам каме роҳаттар шуд. Медонистам, агар духтарам бимирад, ҳадди аққал пули кофӣ дорам ӯро бо худам ба хона бибарам. Ин корест, ки фақр бо одам мекунад."
Дар аввалин солгарди марги ӯ, хонавода як маросими ёдбуди кӯчак баргузор мекунанд. Онҳо мехоҳанд як хайрия боз кунанд, то кумакҳоеро, ки ба онҳо мешавад, харҷи таҳсили кӯдакони фақир кунанд.
"Мо фақат мехоҳем то ҳар вақт ки метавонем, ёди ӯро зинда нигаҳ дорем. Ман медонам як рӯз мардум духтарамро фаромӯш хоҳанд кард. Вале онҳо ба ёд хоҳанд супурд, ки марги ӯ оғози тағйироти муҳимме буд. Тағйир дар қавонин алайҳи таҷовуз. Тағйир дар вуҷдон ва дар огоҳии умумӣ."
Имрӯз садои эътироз дар мавриди озору хушунат баландтар аз гузашта аст. Тарс аз қонун бештар шуда.
"Ин кумаке аст, ки духтари ман кард. Ин тур нест?"
