Зердарёии ҳиндӣ бо ҳаждаҳ сарнишин ғарқ шуд

  • 14 Август, 2013

Як зердарёии ҳиндӣ дар асари вуқӯъи инфиҷор ғарқ шуда ва теъдоди номушаххасе аз сарнишинони он ҷони худро аз даст доданд.

Рӯзи чаҳоршанбеи 14 август нерӯи дарёии Ҳинд эълом кард, ки дар як зердарёии мутаъаллиқ ба ин нерӯ, ки дар бандари Бумбай лангар гирифта буд, инфиҷоре рӯй дод ва ин зердарёӣ ғарқ шудааст.

Бар асоси ин гузориш, зердарёии Синдурокшо, сохти Русия, авоили соли ҷорӣ пас аз бозсозӣ ва таҷҳизи муҷаддад дар Русия барои анҷоми маъмурият ба Ҳинд бозгашта буд.

Пас аз вуқӯъи инфиҷор зердарёӣ камобеш амудӣ ба зери об фурӯ рафт ба наҳве, ки танҳо қисмати думи он аз сатҳи об берун мондааст.

Зердарёии Синдурокшо ҳаждаҳ сарнишин дошт ва ҳанӯз маълум нест, ки чи теъдоде аз ин афрод кушта ва захмӣ шудаанд.

Сухангӯйи нерӯи дарёии Ҳинд ин ҳодисаро "фоҷиъае бузург" тавсиф кард ва гуфт, ки кушташудагони ин инфиҷор ҷони худро дар роҳи хидмат ба меҳанашон аз даст доданд.

Ба гуфтаи гузоришгарон, инфиҷори рӯзи чаҳоршанбе пурталафоттарин ҳодиса барои ягони зердарёии Ҳинд аз замони ғарқи як фарванд зердарёии ин кишвар дар асари оташи як новчаи покситонӣ дар ҷараёни ҷанги ду кишвар дар соли 1971 аст.

.