Додгоҳи олии Ҳинд бар ғайриқонунӣ будани равобити ҳамҷинсгароён таъкид кард

  • 11 Декабр, 2013
Фаъолони ҳуқуқи ҳамҷинсгароён дар Ҳинд
Image caption Фаъолони ҳуқуқи ҳамҷинсгароён раъйи рӯзи чаҳоршанбеи Додгоҳи олии Ҳиндро "таассуфомез" хонданд

Додгоҳи олии Ҳинд дар ҳукме таъкид кардааст, ки қонуне ки равобити ҷинсии ҳамҷинсгароёнро ғайриқонунӣ медонад, ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ аст.

Қуззоти Додгоҳи олӣ дар раъйи имрӯз (чаҳошанбеи 11 декабр) раъйи додгоҳи олии Деҳлиро мабнӣ бар қонунӣ будани ин гуна равобит, рад карданд. Додгоҳи олии Деҳлӣ дар соли 2009 раъй ба лағви мамнуъияти рафтори ҳамҷинсгароӣ дода буд.

Додгоҳи олии Ҳинд эълом кардааст, ки акнун бар уҳдаи порлумони кишвар аст то бо тасвиби қавонини лозим дар ин маврид тасмимгирӣ кунад.

Бар асоси қавонини Ҳинд роҷеъ ба ҳамҷинсгароӣ, ки беш аз 150 сол пеш ба тасвиб расид, равобити ҷинсии байни ду фарди ҳамҷинс "тахаллуфи ғайритабиъӣ" маҳсуб ва барои он муҷозоти 10 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Бисёре аз сиёсатмадорон ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва мазҳабӣ аз додгоҳи олии Ҳинд хоста буданд то дар чорчӯби раъйи соли 2009 додгоҳи Деҳлӣ бар ғайриқонунӣ будани ин гуна равобит таъкид кунад.

Ба гуфтаи хабарнигорон ба нудрат аз ин қонун барои таъқиби қазоӣ дар заминаи равобити ҷинсӣ бо ризояти тарафайн истифода мешудааст, аммо дар бисёре маворид пулис барои озор ва азият ва таҳти фишор қарор додани ҳамҷинсгароён ба ин қонун мутавассил мешавад.

Ҳамчунин дар Ҳинд, ки ҷомеъае мазҳабӣ аст, ҳамҷинсгароӣ "тобу" ва амре нописандида маҳсуб мешавад ва бисёре аз мардум равобити ҳамҷинсгароёнаро ғайриқонунӣ талаққӣ мекунанд.

Фаъъолони ҳуқуқи ҳамҷинсгароён раъйи рӯзи чаҳоршанбеи додгоҳи олии Ҳиндро "таассуфомез" хонда ва гуфтаанд, ки онҳо аз додгоҳ хоҳанд хост то ин ҳукмро мавриди бознигарӣ қарор диҳад.

Дар муқобил гурӯҳҳои мазҳабии Ҳинд бавижа мусалмонон, масеҳиёни кишвар аз ин раъйи Додгоҳи олии Ҳинд истиқбол кардаанд.

Матолиби муртабит