Марги 22 донишомӯз дар Ҳинд ба далели масрафи ғазои олуда дар мадраса

  • 17 Июл, 2013
пизишкон ва донишомӯзони бемор
Image caption Дар маҷмуъ 47 донишомӯзи рустоӣ ба далели хӯрдани ғазои олуда бемор шуда ва ба бемористон мунтақил шудаанд

22 донишомӯз дар рустое дар иёлати Биҳори Ҳинд ба далели масрафи ғазои ройгон, аммо олуда дар мадраса ҷони худро аз даст додаанд.

Таҳқиқоти аввалия нишон медиҳад, ки дар ғазои ройгоне, ки барои донишомӯзони ин русто таҳия шуда буд, маводи мавҷуд дар офаткушҳо ёфт шудааст.

Ба дунболи марги ин афрод ва масмумияти теъдоди бештаре аз донишомӯзон тазоҳуроти хушунатомезе дар ин иёлат дар шарқи Ҳинд рӯй додааст.

Ҷамъияти хашмгин, ки чӯб дар даст доштанд, ба худрави пулис дар шаҳри Чопро дар ин иёлат ҳамла карданд.

Вазъияти теъдоде аз донишомӯзон, ки ба далели масмумият дар бемористон бистарӣ шудаанд, вахим гузориш шудааст. Гурӯҳе аз ин донишомӯзон зери дувоздаҳ сол синн доранд.

Вазири омӯзиши ин иёлат ба нақл аз пизишкон гуфтааст, ки аҷсоди донишомӯзон бӯйи таркиботи уронуфусфурӣ медод, ки дар офаткушҳо мавриди истифода қарор мегирад.

Ӯ гуфтааст, ки ошпази ин мадраса дар бораи рӯғани хӯрокии ҷадиде, ки мавриди истифода қарор мегирифт, ҳушдор дода буд.

Қарор шуда ба хонаводаҳои ҳар як аз қурбониён дувист ҳазор рупия ба унвони ғаромат пардохт шавад.

Дар Ҳинд барномаи ғазои ройгон ба донишомӯзон ба хусус дар манотиқи фақир ба иҷро дармеояд ва ҳадафи он ташвиқи хонаводаҳо ба фиристодани фарзандони худ ба мадраса аст. Ин тарҳ ба гуфтаи хабарнигорон мушкилоти беҳдоштӣ дорад.

Дар маҷмуъ 47 донишомӯзи рустоӣ ба далели хӯрдани ғазои олуда бемор шуда ва ба бемористон мунтақил шудаанд.

Ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки омори маргу мир афзоиш ёбад.

Матолиби муртабит