Фурӯ рехтани сохтмоне дар Ҳинд 27 кушта барҷо гузошт

  • 5 Апрел, 2013

Пулиси Ҳинд мегӯяд дар пайи фурӯ рехтани сохтмоне нимасоз дар шаҳри Тоне дар наздики Мумбой (Бумбай) дастикам 27 кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.

Расонаҳои Ҳинд аз мақомҳои расмӣ нақл мекунанд, ки ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бисёре низ дар зери овори ин сохтмони ҳафттабақа гир карда бошанд.

Ба гуфтаи пулис ин сохтмон ба таври ғайриқонунӣ бино шуда буд ва бо он ки сохти он тамом нашуда буд, теъдоде дар чаҳор табақаи он зиндагӣ мекарданд.

Фурӯ рехтани сохтмон ба далели ба кор бурдани масолеҳи номуносиб ва адами риъояти усули эминӣ дар Ҳинд мутадовил аст.

Як мақоми пулис дар Тоне ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки панҷшанбешаб бахше аз ин сохтмон фурӯ рехт, ки боъис шуд кулли бино фурӯ бирезад.

Ӯ гуфт, ки 9 кӯдак дар миёни кушташудагон будаанд.

Амалиёти наҷот дар тӯли шаб анҷом шуд.

Дигомбар Ҷонгола, корогоҳи пулис, гуфтааст, ки дастикам 54 нафар дар ин ҳодиса захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ бештари кушташудагон ва маҷрӯҳон коргароне буданд, ки дар сохтмон иқомат доштанд.

Матолиби муртабит