Тамоми муттаҳамони таҷовузи гурӯҳӣ дар Ҳинд боздошт шуданд

Пулиси Ҳинд гуфтааст ҳар панҷ нафар марди муттаҳам ба таҷовузи гурӯҳӣ ба як зани акккоси 22-сола дар шаҳри Мумбой боздошт шудаанд.
Ба гуфтаи пулис муттаҳами панҷум имрӯз, якшанбе дар Деҳлӣ, пойтахти Ҳинд боздошт шуд ва таҳтулҳифз ба шаҳри Мумбой баргардонда хоҳад шуд.
Панҷ муттаҳам ҳангоме ки зани қурбонӣ дар як корхонаи нассоҷии матрука дар маркази шаҳр дар ҳоли аккосӣ буд, ба вай ҳамла карданд.
Қурбонии таҷовуз ба ҳамроҳи як ҳамкори мард дар корхона ҳузур дошт ва муттаҳамон ӯро низ ба шиддат мавриди зарбу ҷарҳ қарор доданд.
Ин моҷаро бори дигар сабаби таҷдиди ҳиси инзиҷори умумӣ дар хусуси хушунати ҷинсӣ дар Ҳинд шудааст.
Муттаҳами аввал як марди 19-солаи бекор аз ҷануби Мумбой аст, ки рӯзи ҷумъа боздошт шуд ва ду нафари дигар аз муттаҳамон дар рӯзи шанбе дастгир шуданд.
Зани қурбонии таҷовуз ба далели шиддати ҷароҳат ҳануз дар бемористон ба сар мебарад, аммо хостори бозгашт ба кор аст.
Ӯ гуфтааст, ки "таҷовуз поёни зиндагӣ нест ва ман шадидтарин муҷозотро барои тамоми муттаҳамон мехоҳам."
Ин зан ки барои як маҷаллаи инглисизабон дар Мумбой кор мекард барои таҳияи маҷмуъаи акс аз маҳали корхонаи нассоҷии Шактӣ, ки алон матрука ва махруба аст, ба ҳамроҳи як ҳамкори мард ба маҳал рафта буд.
Дар моҳи декабри соли гузашта низ ба далели таҷовузи гурӯҳӣ ба як духтари донишҷӯи 23-сола дар як утубус дар Деҳлӣ эътирозоти саросарӣ дар Ҳинд барпо шуд.
Пас аз он ҳодиса ки ба марги қурбонӣ дар бемористон дар асари шиддати ҷароҳот анҷомид, маҷлиси Ҳинд қавонини сахттаре алайҳи хушунати ҷинсӣ вазъ кард, аммо бисёре дар он кишвар акнун мегӯянд, ки ташдиди қавонин ҳам муассир набудааст.
