Оғози бузургтарин интихоботи дунё дар Ҳинд

  • 7 Апрел, 2014
Image copyrightAP
Image caption Роул Гондӣ, ҳизби ҳокими кунгреро дар ин интихобот раҳбарӣ мекунад

Бузургтарин интихоботи порлумонии дунё дар Ҳинд оғоз шудааст. Аз рӯзи душанбе то беш аз як моҳи дигар раъйгирӣ аз мардум дар беш аз 930 ҳазор марказ идома хоҳад дошт.

Рақобати аслӣ дар ин интихобот, ки ҳадди ақал 814 милюн шаҳрванди воҷиди шароити ширкат дар он ҳастанд, байни ҳизби ҳокими кунгре ва Ҳизби мардуми Ҳинд аст.

Дар ин давра Ҳизби мардуми оммӣ ба раҳбарии Орвинд Кеҷривол низ дар назарсанҷиҳо аз мавқеъияти хубе бархӯрдор будааст.

Ин ҳизб то кунун 407 номзад муъаррифӣ кардааст, ки дар тамоми 543 ҳавзаи интихоботии кишвар ширкат хоҳад кард.

Интихоботи Ҳинд дар нуҳ марҳила баргузор мешавад. Қарор аст, ки раъйгириҳо дар рӯзи 12 май поён ёбад, шумориши оро дар рӯзи 16 май оғоз хоҳад шуд.

Мамнуҳон Синг, нахуствазири Ҳинд, аз Ҳизби кунгре, дар интихоботи имсол ширкат надорад. Ҳизби ӯ имсол ба раҳбарии Роул Гондӣ по ба арсаи интихоботӣ гузоштааст.

Оқои Гондӣ, писари Суниё, беваи итолиёии Роҷив Гондист. Аз Суниё Гондӣ ба унвони қудратмандтарин зани Ҳинд ёд мешавад..

Image copyrightPTI
Image caption Раҳбарии ҳизби аслии мухолиф, Ҳизби мардуми Ҳинд, бар уҳдаи Норендро Мудӣ аст

Назарсанҷиҳо ҳокист, ки бисёре аз раъйдиҳандагон, Ҳизби кунгреро масъули вазъи нобасомони иқтисодӣ ва маҷмӯъае аз парвандаҳои фасоди молӣ ва идорӣ медонанд.

Раҳбарии ҳизби аслии мухолифи давлат, Ҳизби мардуми Ҳинд (Бҳоротиё Ҷоното) имсол бар уҳдаи Норендро Мудӣ, сиёсатмадори баҳсбарангез аст, ки аз соли 2001 вазири аъзами иёлати Гуҷорот дар ғарби Ҳинд будааст ва дар ин муддат тавониста Гуҷаротро ба маркази муҳимми фаъъолиятҳои иқтисодии кишвар бадал кунад.

Вай ҳамчунин муттаҳам аст, ки дар давраи ташдиди хушунатҳои мазҳабӣ дар соли 2002, ки тайи он беш аз ҳазор нафар, ки аксаран мусалмон буданд, кушта шуданд, иқдомоти лозим барои пешгирӣ аз ин ҳаводисро анҷом надода буд

Чанд ҳизби кучактар низ дар рақобатҳои имсол ширкат доранд. дар сурате, ки аҳзоби бузургтар натавонистанд ба пирӯзии қотеъ даст пайдо кунанд, аҳзоби кучактар дар ташкили давлати эътилофӣ нақши муҳимме ифо хоҳанд кард.

Тамоми ин аҳзоб барои касби аксарият дар маҷлиси суфлои порлумон талош мекунанд. Маҷлиси суфло 543 курсӣ дорад ва ҳар ҳизб ё эътилофе, ки битавонад 272 курсиро кунтрул кунад, маъмури ташкили кобине хоҳад шуд.

Имсол раъйгириҳо дар беш аз 930 ҳазор маркази раъйгирӣ анҷом хоҳад шуд. Дар баъзе аз марокиз, дастгоҳҳои электруникии ахзи раъй насб шудааст.

Ҳамчунин барои аввалин бор мардум аз гузинаи "ҳеҷкадом" дар баргаи раъй бархӯрдоранд ва дар натиҷа метавонанд ба пойи сандуқи раъй бираванд, аммо ба ҳеҷ кондидое раъй надиҳанд.

Матолиби муртабит