Нахуствазири мунтахаби Ҳинд омодаи ҷашни пирӯзӣ мешавад

  • 17 Май, 2014
МудӣImage copyrightBBC World Service

Норендро Мудӣ, барандаи интихоботи Ҳинд ва нахуствазири ояндаи ин кишвар, қарор аст дар ҷашни пирӯзии ҳизбаш Бҳоротиё Ҷоното ширкат кунад.

Оқои Мудӣ аз ҳавзаи интихоботии Гуҷарот озими Деҳлӣ мешавад, то дар ин маросим ҳузур ёбад.

Интизор меравад Монмуҳон Синг, нахуствазири феълии Ҳинд, ки ҳизбаш шикасти сахте дар интихобот хӯрда, истеъфо кунад.

Ҳизби Кунгреи Миллӣ, ки аз замони истиқлоли Ҳинд дар 67 соли гузашта ағлаб идораи ин кишварро ба уҳда дошта, пирӯзии қотеъи раҳбари ҳизби Бҳоротиё Ҷоноторо пазируфтааст.

Дар тӯли се даҳаи гузашта собиқа надошта, ки як ҳизб пирӯзи қатъии интихобот шавад. Ҳоло ҳизби миллигарои Бҳоротиё Ҷоното метавонад бидуни ниёз ба эътилоф бо аҳзоби дигар давлат ташкил диҳад.

Нигаронӣ аз даргириҳои қавмӣ

Оқои Мудӣ, ки аз ҳизбе бо гароишҳои ифротии ҳиндумазҳаб бархоста, бо шиъори эҳёи иқтисоди Ҳинд ба пирӯзӣ расидааст.

Бо ин ҳол, интихоби ӯ бисёре аз ҳиндиҳо, махсусан мусалмононро, нигарони ояндаи ин кишвар кардааст.

Ӯ, ки аз соли 2001 сарвазири иёлати Гуҷарот буда, муттаҳам аст ки дар соли 2002 монеъи даргириҳои фирқаии Гуҷарот нашудааст. Иддаъое, ки ӯ ҳамвора рад кардааст.

Дар он сол дастикам ҳазор нафар дар даргириҳои Гуҷарот кушта шуданд, ки бештарашон мусалмон буданд.

Баъд аз шӯришҳои ҳиндуҳои ифротӣ, Омрико аз судури визо барои Норендро Мудӣ худдорӣ кард ва давлати Бритониё ҳам равобит бо ӯро қатъ кард, аммо ӯ акнун ба саҳнаи аслии сиёсат бозгаштааст.

Даъвати Омрико аз нахуствазири мунтахаб

Image copyrightBBC World Service

Борок Убомо, раисҷумҳурии Омрико, дар тамосе телефунӣ бо оқои Мудӣ пирӯзии ӯро табрик гуфт ва барои ҳамкории наздик ва тавсеъаи равобит бо Ҳинд ибрози омодагӣ кард.

Ӯ ҳамчунин нахуствазири мунтахабро ба Вошингтун даъват кард.

Вазорати хориҷаи Омрико мегӯяд Норендро Мудӣ, ки замоне аз сафар ба Омрико манъ шуда буд, дигар маҳдудияти сафар надорад, чиро ки ба унвони раиси як давлат визои вижа дарёфт хоҳад кард.

Сарони Устролиё ва Исроил ҳам аз пирӯзии ӯ истиқбол кардаанд. Дейвид Комерун, нахуствазири Бритониё, ҳам барои ҳамкории наздик бо ӯ ибрози омодагӣ кардааст.

Муҳаммад Вазирӣ, хабарнигори Би-би-сӣ, ки ба Ҳинд рафта, мегӯяд ин кишвар як қудрати минтақаӣ ва атумӣ аст ва ба ҳар ҳол Омрико саъй мекунад равобиташро бо кишваре, ки метавонад дар муқобили Чин биистад, тақвият кунад.

Матолиби муртабит