Расонаҳои ҳиндӣ: Ҳинд ба Тоҷикистон чархбол хоҳад дод

  • 7 Июн, 2013
Ҳеликоптар
Image caption Соли гузашта артиши Тоҷикистон аз Ҳинд як чархболи "Ми-8" дарёфт карда буд

Ба гузориши расонаҳои Ҳинд, ин кишвар дар садад аст, ба Тоҷикистон чархболҳои низомӣ эҳдо карда ва дар ин кишвар як бемористони низомӣ ифтитоҳ кунад.

Аз ҷулма Ожонси иттилоотии “PTI”-и Ҳинд навиштааст, бемористони дорои 50 кат, ки бо сармояи ин кишвар дар Тоҷикистон бунёд шуда, ба ҳангоми дидори қарибулвуқуъи вазири дифоъи Ҳинд аз Тоҷикистон ифтитоҳ хоҳад шуд.

Ин манбаъ гуфтааст, дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳинд дар моҳи августи соли гузашта дар ин замина тавофуқ ҳосил шуда буд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар, ки дар ноҳияи Бохтар бо мусоиъдати молии Ҳинд сохтмони бемористони низомӣ идома дорад, гуфт ки дар бораи ҷузъиёти кумакҳои низомии Ҳинд ба Тоҷикистон, аз ҷумла чархболҳо иттилоъ надорад.

Аммо вай афзуд, ки Ҳинд соли гузашта як чархболи борбари низомии “Ми-8” ва 6 мошини оташнишонӣ ва борбарро ба артиши Тоҷикистон тақдим кард, ки ҳазинаи ин кумакҳо 5,5 милюн дулор будааст.

Оқои Маҳмадалиев гуфт, ки феҳристи кумакҳои низомии Ҳинд ба артиши Тоҷикистон дар соли ҷорӣ пас аз эъломи барномаи дидори расмии вазири дифоъи Ҳинд аз Тоҷикистон, мушаххас хоҳад шуд.

Бино ба иттилоъи манобеъи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, миёни ин ду кишвар дар заминаи ҳамкориҳои низомию фаннӣ, ироъаи кумакҳои фаннӣ ба артиши Тоҷикистон, омодасозии кодрҳои низомӣ ва табодули иттилоот дар самти мубориза бо террурисм асноди ҳуқуқӣ имзо шудааст.

Ҳамкориҳои низомӣ миёни Тоҷикистон ва Ҳинд аз соли 2002 шурӯъ шуда, ва дар он сол Ҳинд дар чорчӯби ин ҳамкориҳо барои бозсозии фурӯдгоҳи Айнӣ таъаҳҳуд кард. Мутахассисони Ҳинду Тоҷикистон бо сармояи 22 милюн дулории Ҳинд ин фурӯдгоҳи низомиро бозсозӣ ва бо таҷҳизоти мудерн муҷаҳҳаз карданд.