Пирӯзии ҳизби миллигарои ҳинду дар интихоботи Ҳинд қатъӣ аст
Image copyrightAFPНатиҷаи расмии раъйгирӣ дар интихоботи порлумонии Ҳинд то соъоте дигар эълом мешавад, аммо пешопеш шикасти ҳизби кунгреи миллии Ҳинд мушаххас шудааст.
Рӯзи ҷумъаи 16 май натиҷаи интихоботи Лук сабҳо - Шӯрои мардумӣ ё Маҷлиси суфлои порлумони Ҳинд - расман эълом мешавад ва интизор меравад Бҳоротиё Ҷоното, ҳизби миллигарои ҳинду ва бузурнтарин ҳизби узви гурӯҳи мавсум ба Эътилофи демукротики миллӣ битавонад аксарияти лозимро барои ташкили давлати баъдӣ ба даст оварад.
То кунун арқоми ғайрирасмии мутафовите дар мавриди теъдоди курсиҳои мутаъаллиқ ба Бҳоротиё Ҷоното дар порлумони баъдӣ мунташир шуда, аммо эҳтимол меравад ин ҳизб ва эътилофи ҳамроҳи он битавонанд байни 250 то 290 курсиро касб кунанд.
Дар ин давра Маҷлиси суфлои Ҳинд 543 намояндаи интихобӣ дорад ва барои ташкили давлат, касби дастикам 272 курсӣ лозим аст.
Натоиҷи ғайрирасмӣ ҳамчунин нишон медиҳад, ки ҳизби Кунгреи миллии Ҳинд, ки як ҳизби чапи миёна аст ва аз соли 2009 давлатро дар ихтиёр дошта, дар ин интихобот шикасти сангинеро мутаҳаммил шуда ва теъдоди курсиҳои эътилоф муттаҳиди пеширӯ ба раҳбарии ин ҳизб аз ҳудуди дувисту сӣ курсӣ дар давраи феълӣ, ба камтар аз ҳаштод курсӣ коҳиш ёфтааст.
Ба гузориши хабаргузориҳо, аъзои ситоди марказии ҳизби Бҳоротиё Ҷоното дар Деҳлӣ, пойтахт, бо баргузории маросими динии ҳинду, пешопеш омодаи ширкат дар ҷашни пирӯзӣ дар интихобот ва истиқбол аз давлати оянда ба раҳбарии Нарандро Мудӣ, раҳбари ҳизб, шудаанд. Оқои Мудӣ дар июни соли гузашта ба раҳбарии ҳизб расид ва касби пирӯзии чашмгир дар ин интихобот мавқеъияти қобили таваҷҷуҳе барои ин сиёсатмадори шасту сесолаи ҳиндӣ аст.
Дар муқобил, шикасти сангини ҳизби Кунгре метавонад ояндаи Роҳул Гондӣ, муъовини раҳбари ин ҳизбро ба мухотира андозад. Роҳул Гондӣ, фарзанди Роҷив Гондӣ ва наваи Индиро Гондӣ, нахуствазирони пешини Ҳинд аст, ки ҳар ду дар амалиёти теруристӣ ҷони худро аз даст доданд ва модари итолиёитабори ӯ Суниё Гондӣ, раиси кунунии ҳизб аст, аммо пешбинӣ мешуд, ки ин симат дер ё зуд ба Роҳул вогузор шавад.
Меҳвари аслии муборизот дар интихоботи ин давраи порлумони Ҳинд иборат буд аз мушкилоти иқтисодӣ, ба хусус таваррум, касрии тиҷорати хориҷӣ, коҳиши нархи баробарии рупиея ва камбуди сармоягузорӣ дар саноеъи зербаноӣ, бахусус роҳсозӣ, барқу об ва масоиле монанди фасоди идорӣ ва амнияти шаҳрвандон.
Давлати ҳизби кунгре, ки Мамнуҳон Синг симати нахуствазирии онро бар уҳда дошт, дар моҳҳоии мунтаҳӣ ба интихобот кӯшид иқдомотеро ҷиҳати сару сомон додан ба иқтисоди Ҳинд анҷом диҳад, аммо дар ин замина муваффақияти чандоне касб накард. Дар солҳои ахир, иқтисоди Ҳинд аз рушди қобили таваҷҷуҳе бархӯрдор буда, аммо ахиран аз нархи рушди он коста шуда буд.
Интиқоли қудрат аз ҳизби Кунгре ба ҳизби Бҳоротиё Ҷоното бо истиқбол аз бозорҳои арз ва саҳоми мувоҷеҳ шуда ва дар оғози муъомилоти рӯзи ҷумъа дар бозори бурси Бамбаӣ, шохиси арзишҳои саҳом ҳудуди 4 дарсад рушд кард ва нархи баробарии рупия дар баробари арзҳои муътабар низ афзоиш ёфт.
Зоҳиран бозорҳои пулӣ ва молӣ интизор доранд давлати ҷадид ба истилоҳоти иқтисодии мариди назари сармоягузорон мубодират варзад, аммо ба гуфтаи коршиносони иқтисодӣ, чунин тағйироте эҳтимолан барои тудаи мардум, бахусус табақоти камдаромади Ҳинд чандон хушоянд нахоҳад буд. Ба гуфтаи онон, интизор меравад давлати Бҳорото Ҷоното дастикам дар чанд сол зимомдорӣ ба иттихози тадобире барои муқобила бо касрии тарози пардохт ва мубориза бо таваррум мубодират варзад, ки қатъан шомили сахтгирӣ дар мавриди ҳазинаҳои давлатӣ ва таҳмили риёзати иқтисодӣ бар мардум хоҳад буд.
Дар муқоиса бо Бҳорото Ҷоното, ҳизби Кунгре ба таври суннатӣ як ҳизби "миёнаи чап" маҳсуб мешуда ва бо вуҷуди таҳаввуле, ки дар яке ду даҳаи ахир дар тафаккури иқтисодии тамаркузгароии ҳизбӣ рӯй дода ва оқои Синг гироиши чандоне ба иттиҳоди сиёсати риёзати иқтисодӣ аз худ нишон намедод.
