Боздошти беш аз 20 нафар дар Ҳинд барои куштори мусалмонон ва сӯзондани хонаҳои онҳо

  • 4 Май, 2014
Image copyrightAP
Image caption Шумори куштаҳо ба беш аз 30 нафар мерасад

Пулиси Ҳинд 22 нафарро ба хотири куштори мусалмонон ва ба оташ кашидани хонаҳои онон дар иёлати Осоми ин кишвар боздошт кардааст.

Шумори қурбониёни хушунатҳои рӯзҳои ахир дар ин иёлат то субҳи имрӯз ба 32 нафар мерасад.

Мақомоти Ҳинд шибҳнизомиёни ҷудоиталабро масъули ин ҳамла медонанд ва гуфта мешавад, ки ҳамаи кушташудагон мусалмон ҳастанд.

Шибҳнизомиёни ин минтақа хоҳони сарзамине мустақил барои ақаллияти буду ҳастанд. Қавми Буду беш аз як миллиюн нафар ҷамъият дорад ва афроде аз ҳамини қавм ҳам дар Непол зиндагӣ мекунанд.

Пулиси Ҳинд дирӯз эълом кард, ки дар пайи хушунатҳои чанд рӯзи гузашта ҷанозаи чандин нафарро дар як рустои дуруфтода пайдо кардааст.

Будуҳои Осом мегӯянд, ки мусалмонони ин минтақа ба таври ғайриқонунӣ аз Банглодеш вориди Ҳинд мешаванд. Дар мавҷи қаблии даргириҳои қавмӣ дар минтақаи Осом дастикам 100 нафар кушта ва чандин ҳазор нафар аз хонаҳо овора шуданд.

Ин нооромиҳо дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки Ҳинд дар миёнаи баргузории интихоботи чандмарҳалаии худ аст.

Матолиби муртабит