Ба Парвизи Мушарраф иҷозаи сафар ба хориҷ аз Покистон дода шуд

  • 12 Июн, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Мушарраф гуфтааст барои дидани модари бемораш дар садади сафар ба хориҷ аст

Парвизи Мушарраф, раиси ҷумҳурии пешини Покистон, иҷозаи хуруҷ аз кишварро ёфтааст.

Рӯзи панҷшанбеи 12 июн додгоҳе дар шаҳри Карочӣ ба давлати ин кишвар дастур дод ҳукми мамнӯъияти хуруҷи Парвиз Мушаррафро лағв кунад ва ба ӯ иҷозаи сафар ба хориҷ бидиҳад.

Вакили оқои Мушрраф гуфтааст, ки "додгоҳ бо дархости таҷдиди назари мо мувофиқат кард ва дастур дод номи Мушарраф аз феҳристи афроди мамнӯъулхуруҷ ҳазф шавад. Ин ҳукм баъд аз понздаҳ рӯз лозимулиҷрост."

Ба гуфтаи вай, далели муҳлати замони иҷрои ҳукм "додани вақт ба давлат аст, то дар сурате, ки моил аст, хостори таҷдиди назар дар додгоҳи болотаре шавад." Парвиз Мушарраф, ки ҳафтод сол дорад, дар моҳи апрел ба манзури анҷоми озмоишҳои пизишкӣ бо ҳавопаймо ба Карочӣ омад.

Раиси ҷумҳури пешини Покистон манзур аз дарёфти иҷозаи хуруҷро дидани модари бемор дар Дубай унвон карда, аммо бархе аз мухолифони ӯ муътақиданд, ки ҳадафи аслӣ, фирор аз муҳокима ва муҷозот барои ҷароиме аст, ки ба гуфтаи онон, дар тӯли давраи раёсати ҷумҳурии ӯ сурат гирифт.

Парвиз Мушарраф дар соли 1999 бо барканории давлати ғайринизомӣ ба нахуствазирии Муҳаммаднавози Шариф, нахуствазири феълӣ, дар симати раиси давлат ва сипас дар мақоми раиси ҷумҳурии Покистон ва ҳамзамон, фармондеҳи ситоди нерӯи заминии Покистон қудратро дар ин кишвар дар даст гирифт.

Image copyrightAP
Image caption Тарафдорони Мушарраф давлати Покистонро ба парвандасозӣ алайҳи ӯ муттаҳам кардаанд

Вай дар соли 2008, дар пайи баргузории интихобот ва таъйини раиси ҷумҳурии ҷадид аз ин симат канор рафт ва ба хориҷ аз Покистон рафт.

Дар моҳи марти соли гузаштаи мелодӣ ба манзури ширкат дар интихоботи порлумонӣ ба кишвараш бозгашт, аммо ба далели мувоҷеҳа бо як ришта иттиҳомоти кайфарӣ, аз ҷумла хиёнат, фасод ва иртибот бо терури Беназир Буту, раҳбари собиқи Ҳизби Мардум, таҳти пайгард қарор гирифт ва аз вуруд ба муборизоти интихоботӣ маҳрум шуд.

Расидагӣ ба парвандаҳои матраҳшуда алайҳ оқои Мушарраф идома дорад, дар ҳоле ки тарафдорони ӯ мақомоти давлатӣ ва қазоиро ба парвандасозӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳузури раиси ҷумҳурии пешин дар саҳнаи сиёсии Покистон муттаҳам кардаанд.

Дар моҳи апрел гузориш шуд, ки Парвизи Мушарраф аз як сӯиқасд ҷони солим ба дар бурдааст. Гуфта мешавад, ки Толибони Покистон савганд хӯрдаанд оқои Мушаррафро дар як амалиёти интиҳорӣ ба қатл бирасонанд.

Ба далели таҳдидҳои амниятӣ раиси ҷумҳури пешини Покистон дар бисёре аз ҷаласоти бозпурсӣ ва муҳокима шахсан узур наёфтааст.

Парвиз Мушарраф дар замони тасаддии симатҳои давлатӣ низ чанд бори дигар ҳадафи сӯиқасд қарор гирифта буд.

Матолиби муртабит