Белорус муҳоҷирони тоҷикро барои кор даъват мекунад
Image copyrightBBC World ServiceДавлати Белорус эълом доштааст, ки дар садад аст дар бахшҳои кишоварзӣ, мошинсозӣ ва корхонаҳои дигари санъатӣ муҳоҷирони тоҷикро ҷалб кунад.
Дар ин замина дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Белорус тавофуқ ҳосил шудааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Белорус зимни музокироти расмӣ бо Президент Раҳмон гуфтааст: Белорус ба ҷалби васеъи нерӯи корӣ аз Тоҷикистон манфиатдор аст.”
Зимнан, дар ҷараёни дидори расмии оқои Раҳмон аз Белорус дар рӯзҳои 24-25 майи соли ҷорӣ миёни ин ду кишвар дар бахшҳои мухталиф 10 санади ҳамкорӣ имзо шуд.
Ҳамчунин, миёни вилояти Суғд,шаҳри Хуҷанду ноҳияи Ёвони Тоҷикистон ва вилояти Минск, шаҳри Могилёву ноҳияи Уздаи Белорус санади ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фаннӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.
Дар поёни дидори президент Раҳмон аз Белорус сарони ин ду кишвар Баёнияи муштаракро имзо карда ва дурнамои равобити миёни Тоҷикистон ва Белорусро “умедворкунанда” арёзбӣ карданд.
Президент Раҳмон дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ки бо ҷониби Белорус таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои муборизаи муштарак алайҳи террурисм, бунёдгаройӣ, қочоқи маводди мухаддир ва таҳдидҳои замони муъосирро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилоъи торнамои “president.tj”, “раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо Александр Лукашенко масоили Афғонистонро баррасӣ карда, нигарони умумии худро нисбат ба воқеъаҳои ғайриоддие, ки дар баъзе кишварҳо ва минтақаҳо мегузаранд, нишонд дод.”
Аммо Президент Раҳмон дар ин замина аз ҳеч кишваре ном набурда ва ба ҳаводиси мушаххасе низ ишора накардааст.
Зимнан, дар ҷараёни ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз минтақаи озоди Минск дидан карда ва бо фаъъолияти корхонаи коркарди олюминиюми Алютех ошно шудааст.
Дар ин корхона аз маводди олюминиюми аввалия маводди сохтмонӣ тавлид шуда ва колоҳои он ба 140 кишвари ҷаҳон содир мешавад.
Президент Раҳмон аз масъулони ин корхона даъват кард, ки дар Тоҷикистон корхонаи муштарак таъсис карда ва колоҳои онро ба Афғонистон, Покистон ва Ҳинд содир кунанд.
Владимир Рибаков, раиси корхонаи Алютех ин даъватро пазируфта ва гуфтааст, имкон дорад бо истифода аз маводди хоми корхонаи олюминиюми Тоҷикистон ва текнулуҷии Белорус чунин як корхона дар Тоҷикистон созмон дода шавад.
Дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Белорус ба оқои Раҳмон унвони ифтихории профессори Донишгоҳи давлатии Белорус эъто шуд. Қаблан Валентина Матвиенко, раиси Маҷлиси улёи Русия ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон ба ин унвони ифтихорӣ сазовор шуда буданд.
Ҳамчунин, Президент Раҳмон дар ҷамъи Александр Лукашенко ва Владимир Путин, руасои ҷумҳурии Белорусу Русия дар мусобиқоти финолии Ҷоми ҷаҳонии хоккей миёни дастҳои мунтахаби Русия ва Финлонд ширкат кард.
