Раҳмон аз 'ғамхории давлат ба ҷавонон' сухан гуфт
Image copyrightBBC World ServiceЭмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавонони ин кишварро ба муносибати Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола дар ин кишвар 22 май ҷашн гирифта мешавад, табрик кардааст.
Дар матни шодбоши ӯ, ки торнамои риёсати ҷумҳурӣ интишор дода, омадааст, ки "ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбарандаи ҷомеъа ба ҳисоб мераванд."
Ҳарчанд дар Тоҷикистон пайваста аз сиёсатҳои ғайримуассири ӯ дар қиболи ҷавонон интиқод мешавад, вале Президент Раҳмон гуфтааст: "Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам оварда истодааст."
Ин дар ҳолест, ки бештари ҷамъияти Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бахши аъзами онҳо ҳамасола барои ҷустуҷӯйи ҷойи кор ва ҳуқуқи муносиб озими кишварҳои хориҷӣ, умдатан Русия, мешаванд.
Дар паёми шодбоши оқои Раҳмон ин нукта низ мавриди тардид қарор гирифтааст: "Имрӯз аз ҷониби давлат ва Ҳукумат бо мақсади таъмини риъояти ҳуқуқи конститутсионии ҷавонон, таҳкими мақоми онҳо дар ҳаёти мамлакат, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъъолияти пурсамари онҳо тамоми тадбирҳои имконпазир андешида шуда истодаанд."
Дар ин робита Президент Раҳмон аз тахсиси кумакҳои молии давлат ба ҷавонон ёдовар шуда ва таъкид карда, ки теъдоди зиёди ҷавонон дар ниҳодҳои давлатӣ ифои вазифа мекунанд.
Вай гуфтааст: "Ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани нақши ҷавонон дар идоракунии давлат мо солҳои охир барномаи "Рӯй овардан ба ҷавонон"-ро роҳандозӣ кардаем, ки ин боз як қадами ҷиддӣ дар самти татбиқи (иҷрои) муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад."
Оқои Раҳмон афзуда: "Сол аз сол ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд."
Бархе аз соҳибназарон ба шеваи танзомез мегӯянд, ки дар як соли ахир интисоби Рустами Эмомалӣ, писари оқои Раҳмон, ба симати раҳбари Идораи гумруки Тоҷикистон яке аз намунаҳои ҷалби ҷавонон ба системи мудирияти давлатӣ будааст.
Дар идомаи матни шодбош оқои Раҳмон ба “насиҳати” ҷавонон рӯй овардааст: "Танҳо ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод, бонангу номус ва дорои ҷаҳонбинии муъосир метавонанд ҳамчун ворисони сазовори таъриху фарҳанги миллӣ рисолати ватансозиро ба дӯш гирифта, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан сарбаландона иҷро намоянд."
Зимнан, дар паёми шодбоши имсолаи худ оқои Раҳмон аз гароиши ҷавонон ба ҷунбишҳо ва созмонҳои мазҳабии ифротгаро ҳарфе нагуфтааст. Ҳарчанд ин мавзӯъ дар расонаҳо пайваста бозтоб ёфта ва дар ҷомеъа нигарониҳоеро ба бор овардааст.
Аз сӯйи дигар, вуҷуди фасод ва набуди шароити молӣ бархе аз ҷавононро водор месозад, ки барои таҳсил ва дарёфти дониш ба кишварҳои хориҷӣ сафар карда ва дар ниҳоят тарки ватан кунанд.
Пештар эълом шуда буд, ки дар соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи таҷлил аз Рӯзи ҷавонон бо намояндагони гурӯҳҳои ҷавонон дидор ва гуфтугӯ намекунад.
Тибқи иттиллоъи манобеъи Кумитаи кор бо ҷавонони Тоҷикистон, чунин қоъидае ҳаст, ки раиси ҷумҳур дар панҷ сол як маротиба чунин дидоре анҷом медиҳад. Ҳарчанд дар солҳои қаблӣ чунин дидорҳо тақрибан ҳамасола рух медоданд.
