Сафари Раҳмон ба Ваҳдат бо тадобири шадиди амниятӣ
Image copyrightBBC World ServiceСубҳи рӯзи сешанбеи 15-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо як сафари корӣ вориди ноҳияи Ваҳдат шуд.
Вай дар маросими оғози сохтмони як мадраса дар маҳаллаи Истиқлолияти ин ноҳия суханронӣ дошт ва таъкид кард, ки мизони ҷароим дар миёни ҷавонони шаҳри Ваҳдат дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,4 маротиба афзоиш ёфтааст.
Оқои Раҳмон афзуд: "Хусусан ба ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, гаравидани баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ (ифротгаро) ва гурӯҳҳои теруристӣ боъиси ташвишу нигаронии ҷиддӣ мебошад."
Зимнан, ноҳияи Ваҳдат дар солҳои ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон аз манотиқи даргирии шадид миёни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифон маҳсуб мешуд.
Шояд ба ин далел аст, ки сафари имрӯзаи оқои Раҳмон ба Ваҳдат бо тадобири шадиди амниятӣ анҷом мешавад. Пулиси роҳи Тоҷикистон субҳи рӯзи сешанбе ҳамаи ронандагонро ҳушдор дод, ки ба хотири таъмини амнияти сафари раисҷумҳур ба ноҳияи Ваҳдат аз сафар ба ин минтақа худдорӣ кунанд.
Дар торнамои расмии Вазорати умури дохилӣ эълом шудааст, ки ин маҳдудият то зуҳр роиҷ хоҳад буд.
Субҳи имрӯз оқои Раҳмон нахуст бо фаъъолияти гармхонаи ширкати “Голден груп”, ки дар канори ҷоддаи Душанбе-Ваҳдат воқеъ аст, ошно шуд. Ин гармхона дар шаш ҳектор замин бунёд мешавад.
Дастандаркорон эълом доштаанд, ки дар фасли сармо аз ин гармхона то 320 тун гавҷафарангӣ (помидор) ва 240 тун хиёр (бодиринг) ҳосил хоҳад шуд. Қутбиддин Хайров, аз моликони ин гармхона, иттилоъ дод, ки дар ду соли нахусти фаъъолияти ин гармхона ҳамаи махориҷи он бозпас рӯёнда мешавад.
Дар идомаи сафари худ ба ноҳияи Ваҳдат раисҷумҳур Раҳмон ҳамчунин дар маросими оғози фаъъолияти корхонаи коркарди чарм ва тавлиди лӯлаҳои плостикӣ ширкат кард.
Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи коркарди чарм аз сӯйи як тоҷири маҳаллӣ ва туҷҷоре аз Имороти Мутаҳиддаи Арабӣ бо харҷи беш аз ду милюн дулор сохта шудааст.
Корхонаи коркарди чарм аз зарфияти коркарди 500 ҳазор адад пӯсти ҳайвоноти аҳлӣ ва дӯхти 20 навъи либос ва пойафзол бархурдор аст. Соҳибони ин корхона дар сададанд дар оянда ҳамаи ниёзи Тоҷикистон ба ин тавлидотро бароварда созанд ва маҳсулоти изофаро ба кишварҳои хориҷӣ содир кунанд.
Корхонаи тавлиди лӯлаҳои плостикӣ аз сӯйи Ожонси обёрии вобаста ба Ҳукумати Тоҷикистон таъсис шуда ва зарфияти тавлиди лӯлаҳое бо паҳнои 200 то 630 милиметр ва 630 то 1200 милиметр бархурдор аст.
Мақомот мегӯянд, ки ин корхона дар Осиёи Миёна беназир аст.
