Оғози кашидани хатти интиқоли барқ аз Қайроққум ба Ашт

Субҳи рӯзи ҷумъаи 4-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими оғози кашидани як хатти интиқоли барқ байни Қайроққум ва Ашт ширкат кард.
Ин хатти интиқоли нерӯи барқ бо истифода аз 65 милюн сомонӣ кумаки Бонки Тавсеъаи Осиёӣ аз сӯйи як ширкати ҳиндӣ сохта мешавад.
Оқои Раҳмон зимни суханронии худ таъкид кард, ки баъд аз поёни умури сохтмонӣ ноҳияи Ашт ба шабакаи воҳиди энержии Тоҷикистон пайваст шуда ва шароити фаъъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ дар ин ноҳияи умдатан кишоварзӣ фароҳам хоҳад шуд.
Се сол қабл баъд аз анҷоми умури сохтмонии хутути барқи “Ҷануб-Шимол” устони Суғд ба шабакаи воҳиди энержии Тоҷикистон пайваст шуда буд. Ҳамакнун ноҳияи Ашт, ки то чанд сол пеш аз Узбакистон барқ мегирифт, низ ба ин шабака пайваст хоҳад шуд.
Президент Раҳмон ҳамчунин таъкид кард, ки феълан иҷрои ду тарҳ барои таҷдиди фаъъолияти нерӯгоҳи Қайроққум идома дошта ва бо анҷоми онҳо шароити беҳтари фаъъолияти он фароҳам мешавад.
Зимнан, оқои Раҳмон барои рӯзи севум аст, ки бо як сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад. Рӯзи гузашта вай дар маросими оғози умури сохтмонии ду корхонаи тавлиди семент дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳраки Истиқлол (Табошар) ширкат карда буд.
Ҳамзамон оқои Раҳмон дар маросими оғози сохтмони корхонаи филиззоти шаҳраки Истиқлол ширкат дошт. Ин се корхона бо ҷалби сармояи ширкатҳои чинӣ бунёд мешаванд.
Тибқи иттилоъи Кумитеи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, то ду соли дигар ширкатҳои чинӣ ба бахши иқтисоди Тоҷикистон 1,4 милёрд дулор сармояи мустақим ворид мекунанд.
Интизор меравад баъд аз анҷоми сохтмони ду корхонаи тавлиди семент дар вилояти Суғд ва бо таваҷҷуҳ ба фаъъолияти корхонаи тавлиди сементи “Ғаюр-семент” дар ноҳияи Ёвон Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи семент дар минтақа табдил ёбад.
Феълан Тоҷикистон бахши аъзаме аз сементи мавриди ниёзи худро аз кишварҳои минтақа, умдатан аз Покистон ва Қазоқистон ворид мекунад.
