"Апрелевка" чархҳои мошин тавлид хоҳад кард
Ширкати "Апрелевка" дар шимоли Тоҷикистон тасмим гирифтааст барои тавлиди чархҳои комюнҳо як корхонаи ҷадид таъсис диҳад.
Ин мавзӯъ ахиран дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Си Чен Ху, раиси ширкати чинии "Янтай" ва аз саҳҳомони ширкати "Апрелевка" дар шаҳри Қайроққуми устони Суғд матраҳ шудааст.
Тибқи иттилоъи сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати чинӣ дар садад аст барои бунёди корхонаи ҷадид 200 милюн дуллор масраф кунад. Ин корхона дар 50 ҳектор замин то ду соли оянда бунёд хоҳад шуд.
Қарор аст ин корхона барои комюнҳо ва троктурҳо чархҳо тавлид кунад. Зимнан, ин нахустин корхонае хоҳад буд, ки дар Тоҷикистон ба тавлиди чархҳо машғул мешавад.
Дар дидори Президент Раҳмон бо Си Чен Ху хамчунин мавзӯъи тақвияти фаъъолияти ширкати "Апрелевка" баррасӣ шудааст. Қарор шудааст, ки тавлиди талло ва нуқра дар ин корхона то ду маротиба афзоиш дода мешавад. Бад ин манзур ширкати чинӣ дар садад аст ширкати "Апрелевка"-ро ба маблағи 100 милюн дуллор сармоягузорӣ кунад.
