Раҳмон барои ширкат дар маросими наврӯзӣ ба Кобул рафт
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, барои анҷоми сафаре расмӣ ва ширкат дар маросими байналмилалии Наврӯз, ба Кобул, пойтахти Афғонистон, рафт.
Ба гуфтаи манобеъи датари риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин сафар оқои Раҳмонро Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷа, Эркин Раҳматуллоев, ёвари умури хориҷии раисҷумҳур, Шариф Раҳимзода, вазири иқтисод, Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанг, Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ, Хайрулло Асозода, вазири таробарӣ, Асадулло Раҳмон, раиси Кумитеи родию ва телевизиюн, ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.
Барои гусели оқои Раҳмон дар фурӯдгоҳи Душанбе ташрифоти расмӣ анҷом шуда ва дар ин маросим руасои маҷолиси улё ва суфлои порлумон, нахуствазир ва раҳбари дастгоҳи риёсати ҷумҳурӣ ширкат кардаанд.
Манобеъи риёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфтаанд, ки қарор аст раҳбарони ду кишвар як санади ҳамкории дуҷониба низ имзо кунанд., ҳарчанд ҷузъиёти ин санад ифшо нашудааст.
Зимнан, дар ин сафар оқои Раҳмон барои охирин бор бо Ҳомиди Карзай ба унвони раиси ҷумҳурии Афғонистон дидор хоҳад кард. Дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон, ки рӯзи 5 апрел баргузор мешавад, нуҳ номзад бо ҳам рақобат мекунанд, ки яке аз онҳо Абдуллоҳи Абдуллоҳ, тоҷик аст.
Оқои Абдуллоҳ аз шахсиятҳои наздик ба Аҳмадшоҳи Масъуд дар Эътилофи Шимол дар авоили 2000 маҳсуб мешавад, ки равобити наздике бо Тоҷикистон дошт.
