Раҳмон: Мо аз ҳаводиси Укройн амиқан нигарон ҳастем

  • 8 Май, 2014
Владмимр Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Александр ЛукашенкоImage copyrightAP
Image caption Дар ин нишаст вазъи Укройн ва масоили амниятии мавриди назари кишварҳои узв баррасӣ шудааст

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳаводиси Укройн изҳори нигаронӣ карда ва гуфтааст буҳрони Укройн, вазъият дар Ховари Миёна ва Офриқои Шимолӣ ва манотиқи ҳамҷавор бо кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ барои амнияти ҷаҳонӣ ва минтақаӣ асароти манфиро дар пай дорад.

Оқои Раҳмон ин суханонро дар ҳамоиши ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) дар Маскав баён доштааст.

Ин ҳамоиши сарон бо даъвати Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия як рӯз қабл аз Рӯзи Пирӯзии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии пешин бар Олмони нозӣ анҷом шудааст.

Ин нахустин изҳори назари оқои Раҳмон дар мавриди таҳаввулоти ахири буҳронӣ дар Укройн аст. Аммо дар суханронии оқои Раҳмон дар ин ҳамоиш дар мавриди илҳоқи шибҳҷазираи Криме ба Русия ишорае нашудааст.

Илҳоқи ин минтақаи Укройн бо анҷоми ҳамапурсӣ ба Русия мавҷе аз интиқодоти байналмилалиро алайҳи Русия барагехтааст. Кишварҳои Урупоӣ ва Ғарбӣ ин иқдомро хилофи мавозини байналмилалӣ ва адами риъоят ба тамомияти арзии Укройн тавсиф кардаанд.

Оқои Раҳмон гуфтааст буҳрони Укройн бояд аз тариқи гуфтугӯ ва музокира ҳал шавад. Ӯ гуфтааст Тоҷикистон авоқиби чунин рӯёрӯии сиёсиро таҷриба кардааст, ки муҷиби ҷанги дохилӣ дар кишвар шуда ва боъиси қурбонӣ шудани 157 ҳазор аз атбоъи ин кишвар ва 10 миллиёрд хисороти иқтисодӣ шудааст.

Таъкиди оқои Раҳмон бар ҳалли буҳрони Укройн дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ҷудоиталабон дар шарқи Укройн имрӯз эълом кардаанд, ки ҳамчунон дар садади баргузории ҳамапурсӣ барои истиқлоли манотиқи шарқии Укройн ҳастанд.

Дирӯз Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия пас аз гуфтугӯ бо Дидие Бурколтер, раиси ҷумҳурии Суис ва раиси феълии Созмони Амният ва Ҳамории Урупо (САҲУ) дар Маскав пешниҳод карда буд, ки ҷудоитилабон баргузории ин ҳамапурсиро ба таъвиқ биандозанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин бар таҳдиди эҳтимоли бесуботии Афғонистон ба амнияти минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар таъкид кардааст. Ӯ гуфтааст сарфи назар аз таъаҳҳудоти кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар Сучӣ дар моҳи сентбри соли гузашта мабнӣ бар ироаи кумаки фанниву низомӣ барои таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон иқдоме дар ин росто сурат нагирифтааст. Раҳбари Тоҷикистон хостори иҷрои ин тааҳҳудот шудааст.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ соли 1992 таъсис шуда ва кишварҳои Русия, Қазоқистон, Белорус, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон узви он ҳастанд. Дар ҳамоиши имрӯз, 8 май Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ширкат надошт.

Матолиби муртабит