Дидори сарони панҷ кишвари пасошӯравӣ дар Маскав
Image copyrightBBC World ServiceРуасои ҷумҳурии Русия, Арманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Белорус барои анҷоми дидоре ғайрирасмӣ дар шаҳри Маскав гирдиҳам омадаанд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбӯъотии Кремлин, дар назар аст, ки сарони ин кишварҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва амнияти дастаҷамъиро баррасӣ кунанд.
Баъид нест, ки дар мулоқоти сарони панҷ кишвари пасошӯравӣ буҳрони Укройн ва паёмадҳо ва таъсири он дар вазъияти кишварҳои узви Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд матраҳ шавад.
Дар миёни ин панҷ кишвар танҳо Тоҷикистон ва Арманистон дар қиболи буҳрони Укройн сукут ихтиёр кардаанд, аммо Белорус ва Қирғизистон аз сабот ва якпорчагии Укройн ҳимоят карда буданд.
Ҳамчунин, дар чорчӯби ин дидор, ки рӯзи панҷшанбеи 8 май дар остонаи Рӯзи пирӯзӣ бар Олмони нозӣ дар шаҳри Маскав анҷом мешавад, мулоқотҳои дуҷонибаи сарони ин кишварҳо бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, низ баргузор мешавад.
Ин манбаъ хабар додааст, интизор меравад руасои ҷумҳурии панҷ кишвари пасошӯравӣ аз як размоишгоҳи Нерӯҳои мусаллаҳи Русия низ дидан кунанд.
Зимнан, рӯзи гузашта Диде Буркҳалтер, раиси ҷумҳурии Суис ва раиси феълии Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо, вориди Маскав шуда ва бо Владимир Путин, ҳамтои руси худ, дидору гуфтугӯ кардааст.
Президент Путин пас аз ин дидор дар нишасеи хабарӣ дар шаҳри Маскав хостори ҳалли мусолиматомези буҳрони Укройн шуда ва аз ҷудоихоҳони рустабор дар вилоёти Дунетск ва Луҳонск, дар шарқи Укройн, даъват кард, ки баргузории ҳамапурсии рӯзи 11 майро ба таъвиқ андозанд.
