Ҷетҳои Русия ҳарими Укройнро нақз карданд

  • 26 Апрел, 2014
ҷангандаҳои артиши УкройнImage copyrightREUTERS
Image caption Парвози ҷангандаҳои артиши Укройн бар фарози шаҳри Кромотурск

Визорати дифоъи Омрико, Пентогун, мегӯяд тайи шабонарӯзи гузашта ҷетҳои ҷангандаи Русия борҳо ҳарими ҳавоии Укройнро нақз кардаанд.

Ҳамзамон кишварҳои санъатии Гурӯҳи Ҳафт рӯзи шанбеи 26 апрел тавофуқ карданд, ки сареъан таҳримҳои тозае алайҳи Русия вазъ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, боздошти як утубуси ҳомили нозирони байналмилалӣ тавассути шибҳинизомиёни ҷудоиталаб дар шарқи Укройн танишҳо дар шарқи ин кишвар ва ҷанги лафзӣ миёни Вошингтун ва Маскавро афзоиш додааст.

Музокира барои озодии нозирон дар ҳоли анҷом аст.

Русия даҳҳо ҳазор сарбози артиши худро дар марзҳои шарқии Укройн мустақар карда ва шибҳинизомиёни мусаллаҳи ҳаводори Маскав даҳҳо сохтмони давлатӣ дар шаҳрҳои шарқи Укройнро тасарруф кардаанд.

Баъд аз тавофуқоти дирӯз сарони кишварҳои ғарбӣ Русияро муттаҳам карданд, ки бар асоси тавофуқномаи Женев ба таъаҳҳудоти худ барои коҳиши буҳрон дар Укройн амал накардааст.

Онгело Меркел, садри аъзами Олмон, гуфт, ки Русия метавонист барои коҳиши танишҳо дар шарқи Укройн гомҳои бештаре бардорад, аммо ҳеч нишонае аз чунин ибтикор аз ҷониби Русия нашудааст.

Садри аъзами Олмон мегӯяд Русия тавоноии онро дорад, ки монеъи густариши буҳрон дар шарқи Укройн шавад.

Бо вуҷуди ин, Русия ҳам Ғарбро ба дахолат дар умури Укройн муттаҳам мекунад ва мегӯяд Ғарб дар пайи тасоҳуби Укройн аст.

Ташдиди ҷанги лафзии Русия ва Омрико

Бо вориди амал шудани нерӯҳои низомии Укройн дар манотиқи шарқии ин кишвар ва бархӯрд бо ҳаводорони Русия дар ин манотиқ Маскав ва Вошингтун ҳарду ҳамдигарро ба "нотавонӣ дар кунтрули буҳрони Укройн" муттаҳам мекунанд.

Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, Русияро муттаҳам карда, ки бар хилофи тавофуқи Женев ҳеч гоми мусбате барои рафъи танишҳо барнадоштааст.

Оқои Керӣ дар баёнияе тунд аз Маскав хост, ки ё ба талошҳо барои коҳиши таниш дар Укройн кумак кунад ё мунтазири таҳримҳои ҷадиди Омрико бимонад.

Пештар Борок Убомо, раисҷумҳури Омрико, гуфта буд таҳримҳои вазъшуда алайҳи мақомҳои Русия абзори муассире нест. Ӯ дар ҳошияи сафараш ба Куреи Ҷанубӣ таъкид карда буд, ки барои тағйири рафтори Русия дар Укройн бояд фишорҳои бештаре ба кор гирифт.

Русия: давлати Укройн алайҳи мардум меҷангад

Рӯзи панҷшанбе давлати Укройн эълом кард, ки сохтмони шаҳрдории шаҳри Мориюпул дар ҷануби шарқии Укройнро пас гирифтааст, аммо хабарнигорони Би-би-сӣ, ки дар ҳамон минтақа ҳастанд, мегӯянд касе шоҳиди вуруди нерӯҳои амниятии Укройн ба ин сохтмон набудааст.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, гуфта, ки давлати Укройн алайҳи мардуми худ ҷанг ба роҳ андохтааст.

Русия эъломи омодагӣ карда тибқи тавофуқи ҳафтаи гузаштаи Женев барои коҳиши буҳрони Укройн ҳамкорӣ кунад. Аммо нахуствазири Укройн Русияро муттаҳам карда, ки қасд дорад бо ишғоли низомӣ ва сиёсии Укройн ҷанги ҷаҳонии севумро оғоз кунад.

Матолиби муртабит