Амалиёти нерӯҳои давлатии Укройн алайҳи шибҳнизомиён ва ҳушдори Путин
Image copyrightReutersАмалиёти нерӯҳои давлатии Укройн алайҳи шӯришиёни тарафдори Русия талафоте бар ҷой гузошта ва раиси ҷумҳурии Русия алайҳи иқдомоти танбеҳӣ алайҳи мухолифони давлати Укройн ҳушдор додааст.
Рӯзи панҷшанбе, 4 урдибиҳишт (24 апрел) вазорати кишвари Укройн эълом кард, ки воҳидҳои таҳти фармони вазорати дифоъ дар амалиёти поксозии манотиқи атрофи шаҳри Ислувёнск дар шарқи ин кишвар, "то панҷ нафар аз терруристҳо"-ро куштаанд. Мақомоти давлатии Укройн шибҳнизомиёни тарафдори Русияро, ки бархе марокизи давлатӣ дар шарқи ин кишварро дар ишғол доранд "террурист" мехонанд.
Дар соъоти аввалияи бомдод ҳам сухангӯи шибҳнизомиёни мусаллаҳ дар Ислувёнск гуфт, ки ду нафар аз "размандагони" мухолифи давлат дар даргирӣ бо нерӯҳои давлатӣ ҷони худро аз даст додаанд. Ба назар мерасад ин даргириҳо дар ҳаволии Ислувёнск ва дар ҷараёни бозпасгирии роҳҳои мунтаҳӣ ба ин шаҳр рӯй додааст.
Рӯзи гузашта раиси ҷумҳурии Укройн дастури азсаргирии "амалиёти зиддитерруристӣ" алайҳи ҷудоиталабони тарафдори Русияро содир кард ва шомгоҳи гузашта манобеъи давлатӣ эълом карданд, ки шаҳраки Ислувёнскро аз шибҳнизомиён поксазӣ кардаанд. Бо ин ҳама мушаххас нест ки оё воҳидҳои эъзомӣ дар назар доранд вориди шаҳри Ислувёнск шаванд ё ҳадафи онон тасаллут бар манотиқи атроф ва роҳҳои иртиботии шаҳр аст.
Аз онҷо ки Ислувёнск шаҳре нисбатан бузург бо ҳудуди яксаду бист ҳазор нафар ҷамъият аст, ки аксари ононро рустаборон ташкил медиҳанд, амалиёти размӣ дар дохили шаҳр мушкилотеро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Бо вуҷуди ин ки тайи чаҳор ҳафтаи гузашта шибҳнизомиёни мусаллаҳ дар манотиқи ҷануби шарқи Укройн фаъъол буда ва марокиза давлатиро дар бархе шаҳрҳо ишғол кардаанд, давлати марказӣ аз иқдоми низомии густарда алайҳи онон худдорӣ карда буд. Эҳтимолан мақомоти давлатӣ аз талафоти ғайринизомиёни чунин амалиёте нигарон буданд ҳамчунин ба иҷрои тавофуқномаи ҳафтаи гузаштаи Женев барои халъи силоҳи довталабонаи шибҳнизомиён умед доштанд.
Субҳи панҷшанбе хабарнигори Руйтерз дар шарқи Укройн гузориш кард, ки воҳидҳои низомӣ аз ҷумла нафароти нерӯи ҳавобурд, бо таҷҳизоти комили размӣ ба суи Дунетск, шаҳри аслии минтақа дар ҳаракат ҳастнд. Вазорати кишвари Укройн гуфтааст, ки нерӯҳои давлатӣ ҳамлаи гурӯҳе муташаккил аз ҳафтод шибҳнизомӣ, ки таҳти фармони низомиёни рус қасди ҳамла ба пойгоҳи нерӯҳои давлатиро доштанд, водор ба ақибнишинӣ кардаанд.
Манобеъи давлатии Укройн Русияро ба ҳимояти мустақим аз шибҳнизомиён ва эъзоми нафароти артиши Русия барои ҳимоят аз онон муттаҳам карда, аммо Русия ин иттиҳомотро такзиб кардааст.
Дар пайи интишори хабари тасмими давлати Укройн барои бозпасгирии марокизи таҳти тасарруфи шибҳнизомиён дар манотиқи шарқи ин кишвар Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия гуфт, ки "амалиёти танбеҳии артиши Укройн алайҳи муътаризон дар шарқи ин кишвар ҷинояте ҷиддӣ аст ва авоқибе дар пай хоҳад дошт." Раиси ҷумҳурии Русия дар мавриди ин "авоқиб" тавзеҳе надода, аммо Русия таъминкунандаи бахши қобили таваҷҷуҳе аз гози мавриди ниёз Укройн аст ва дар айни ҳол хати лулаи интиқоли гози Русия ба Урупо аз хоки Укройн убур мекунад. Дар ҳамон ҳол воҳидҳое аз артиши Русия дар наздикии марзи муштарак бо Укройн мустақар шуда ва ба нигаронӣ дар мавриди эҳтимоли ҳамлаи низомии Русия ба Укройн доман задаанд.
Рӯзи гузашта вазири хориҷаи Русия гуфт, ки дар сурате ки амнияти "шаҳрвандони русии" сокини Укройн ба мухотира биафтад, давлати Русия "тибқи қавонини байналмилалӣ" ҳақи иқдом барои ҳимоят аз онон ва манофеъи худро хоҳад дошт, аммо дар ин маврид тавзеҳи бештаре надод.
Дар муқобил як мақоми Созмони амниятии Укройн пешниҳод карда ҳайате аз суи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ё ниҳодҳои байналмилалии дигар бар амалиёти артиши ин кишвар алайҳи ҷудоиталабони мусаллаҳ назорат кунад ва давлати Русия низ дар ин ҳайат намоянда дошта бошад
