Хашми Русия аз тирандозӣ дар Исловёнски Укройн

  • 20 Апрел, 2014
Image copyrightReuters

Вазорати умури хориҷаи Русия аз тирандозии маргбор дар шарқи Укройн ибрози хашм кардааст.

Ин вазорат миллатгароёни укройниро муттаҳам ба анҷоми ин тирандозӣ кардааст.

Расонаҳои давлатии Русия гузориш додаанд, ки дар як ҳамлаи мусаллаҳона ба пусти бозрасии фаъъолони тарафдори Русия дар наздикии шаҳри Ислувёнск панҷ нафар кушта шудаанд.

Мақомоти укройнӣ гуфтаанд як нафар дар даргирии "ду гурӯҳ аз шаҳрвандон" кушта шудааст.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дода, ки гурӯҳҳои ҳаводори Русия ба ишғоли сохтмонҳои ҳукуматӣ пас аз имзои тавофуқоти чаҳоргонаи Русия, Укройн, Омрико ва Иттиҳодияи Урупо дар мавриди ҳалли буҳрони Укройн идома медиҳанд.

Эртогрул Опокон, сарпарасти ҳайати вижаи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Киев гуфтааст муъовини ӯ ба шаҳри Дунетск хоҳад рафт ва талош хоҳад кард тарафҳоро водор ба риъояти тавофуқоти рӯзи панҷшанбе барои коҳиши буҳрон кунад.

Русия, Укройн, Иттиҳодияи Урупо ва Омрико рӯзи панҷшанбеи гузашта дар Женев тавофуқ карданд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи низомии ғайриқонунӣ бояд мунҳал шаванд ва ононе, ки амокини давлатиро ишғол кардаанд бояд халъи силоҳ шаванд ва ин амокинро тарк кунанд.

Аммо сухангӯи ҷудоиталабон дар шаҳри Дунетск гуфтааст, ки давлати Киев ғайриқонунӣ аст ва онҳо то замоне, ки ин ҳукумат ба истеъфо наравад, сохтмонҳои давлатиро тарк нахоҳанд кард.

"Адами ирода"

Тасовири телевизиюнӣ он чиро, ки саҳнаи пас аз ҳамла ба пусти бозрасии ҳаводорони Русия ҳудуди соъати 01:00 ба вақти маҳаллӣ (22:00 рӯзи шанбе ба вақти Гринвич) тавсиф шуда, нишон додааст, ба шумули ҷасади марде, зери пӯшиш.

Би-би-сӣ наметавонад сиҳҳати ин тасовирро таъйид кунад, аммо як рӯзноманигори Руйтерз аз маҳали ҳодиса гузориш додааст, ки ду ҷасадро дар як комюн дидааст.

Тасовири телевизиюнии Руйтер, ки рӯзона гирифта шудаанд, чанд худрави сӯхтаро дар маҳалли ҳодиса нишон медиҳад.

Вазорати умури хориҷаи Русия гуфтааст, ки гурӯҳи укройнии ростгарои мавсум ба Бахши Рост дар пушти ин ҳамла қарор дорад.

Корти касбу коре бо номи раҳбари ин гурӯҳ, Дмитрий Ярош дар тасовирии телевизиюнии таъйиднашудаи Русия дида мешавад.

Дар баёнияе вазорати умури хориҷаи Русия омадааст: "Русия аз ин иқдоми таҳрикомез тавассути афроди мусаллаҳ, ки гувоҳи фуқдони иродаи бахше аз мақомот дар Киев барои маҳор ва халъи силоҳ кардани миллатгароён ва ифротгароён аст, хашмгин аст."

Бахши Рост дар баёнияе дар Фейсбуки худ навишта, ки ҳиҷ рабте ба рӯйдодҳои Исловёнск надорад ва ин рӯйдодҳо нишонаҳое аз фаъъолиятҳои таҳрикомези сервиси ҷосусии Русияро дорад.

Вазорати умури дохилаи Укройн гуфтааст ҷузъиёти ин ҳодиса таҳқиқ мешавад, аммо таъйид кардааст, ки се нафар дар ин ҳодиса кушта ва се нафари дигар ба бемористон мунтақил шудаанд.

Ин нахустин даргирӣ пас аз имзои тавофуқоти рӯзи сешанбе аст, ки дар пайи он Вячевлав Пономарёв, раҳбари шӯришиён ва шаҳрдори худсохтаи Исловёнск аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия хостааст нерӯҳои ҳофизи сулҳро бифиристад.

Аммо Ҷеймз Рейнолдз, хабарнигори Би-би-сӣ дар Дунетск мегӯяд тавофуқоти Женев ҳамин акнун ба мушкил мувоҷеҳ аст ва ҳодисаи Исловёнск чизи зиёдеро барои тағйири ин вазъ анҷом нахоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол Арсений Ятсенюк, дар мусоҳибае ба шабакаи омрикоии NBC's Meet the Press Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро муттаҳам кардааст, ки талош мекунад "Иттиҳоди Шӯравиро барқарор кунад".

Оқои Ятсенюк гуфтааст агар оқои Путин муваффақ шавад, ин амр метавонад "бузургтарин фоҷиъаи қарн" бошад.

Укройн пас аз барканории президент Виктор Янукович дар моҳи феврал дар вазъияти буҳронӣ қарор дорад.

Дар ин муддат Русия шибҳҷазираи Кримеро, ки бахше аз Укройн бо аксарияти русзабон аст, ба худ мулҳақ кард, ки муҷиби интиқодоти шадиди байналмилалӣ шуд.

Илҳоқи Криме ба Русия дар пайи ҳамапурсие сурат гирифт, ки аз илҳоқи ин минтақа ба Русия ҳимоят кард.

Ба дунболи он тарафдорони Русия дар чанд шаҳри шарқии Укройн амокини давлатиро тасарруф карданд ва бисёре аз онҳо аз Русия хостанд аз онҳо пуштибонӣ кунад.

Укройн гуфтааст амалиёт алайҳи афроди мусаллаҳи тарафдори Русияро дар шарқи ин кишвар дар рӯзҳои Иди пок мутаваққиф кардааст.

Мақомоти давлати муваққати Укройн хостори ваҳдати миллӣ шудаанд ва гуфтаанд бархе аз хостҳои муътаризони тарафдори Русияро бароварда месозанд, аз ҷумла тақвияти ихтиёроти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва эътои мақоми махсус ба забони русӣ.

Аммо Иёлоти Муттаҳида ҳушдор додааст, ки чанд рӯзи ояда муҳим хоҳад буд ва таҳдид кардааст, ки агар Русия шароити тавофуқоти бадастомадаро иҷро накунад, таҳримҳои бештареро вазъ хоҳад кард.

Қарор аст Ҷу Бойден, муъовини раиси ҷумҳури Омрико рӯзи сешанбе ба Киев сафар кунад.

Матолиби муртабит