Убомо Маскавро аз 'таҳрики бештари' ҳаводорони Русия дар Укройн барҳазар дошт

  • 17 Апрел, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Гузориш шуда шаш худрави нафарбари Укройн тавассути мухолифони давлат забт шудааст

Дар ҳоле ки то соъоте дигар даври ҷадид гуфтугӯҳо миёни вузарои хориҷаи Омрико, Русия, ва Укройн дар Женев оғоз мешавад, Борок Убомо бори дигар ба Маскав дар иртибот бо он чи "ҳимоят ва таҳрики бештари" ҳаводорони Русия дар шарқи Укройн хонда шуда, ҳушдор додааст.

Оқои Убомо, ки рӯзи чаҳоршанбеи 16 апрел дар телевизиюн сухан мегуфт, иддаъо кард таҳримҳои Кохи Сафед ва Иттиҳодияи Урупо алайҳи Русия самарабахш будааст, аммо мунтақидони Кохи Сафед муътақиданд барои кунтрули буҳрон дар манотиқи шарқии Укройн бояд фишорҳои байналмилалӣ алайҳи Кремлин афзоиш ёбад.

Қарор аст гуфтугӯҳо миёни вузарои хориҷаи Омрико, Русия ва Укройн рӯзи панҷшанбеи 17 апрел бо ҳузури Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Урупо, дар Женев сурат гирад.

Кохи Сафед эълом кардааст дар ҳоли омода кардани таҳримҳои ҷадиде алайҳи Русия аст, то дар сурати натиҷа надодани гуфтугӯҳо ва мутаваққиф нашудани "ҳимоятҳои Кремлин" аз ташаннуҷҳо дар шарқи Укройн онҳоро ба феҳристи таҳримҳои феълӣ изофа кунад.

Ҳамзамон Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ, НОТУ, эълом кардааст ҳузури низомиашро дар марзҳои шарқии худ дар вокуниш ба "рафтори хасмонаи" Русия дар Укройн тақвият мекунад.

Ондерс Фу Росмусен, дабири кулли НОТУ, дар Бруксел бо таъкид бар бознигарӣ дар барномаҳои дифоъии ин созмон гуфт: "Мо ҷангандаҳои бештаре дар ҳаво, киштиҳои бештаре дар дарё ва омодагии бештаре рӯйи замин хоҳем дошт."

Оқои Росмусен гуфт ин тасмим "билофосила" иҷроӣ хоҳад шуд ва дар сурати лузум "иқдомҳои бештаре дар ҳафтаҳо ва моҳҳои оянда сурат хоҳад гирифт."

Ин эълом дар ҳоле сурат мегирад, ки нерӯҳои тарафдори Русия кунтрули теъдоде аз сохтмонҳои давлатиро дар шуморе аз шаҳрҳо ва рустоҳои шарқии Укройн ба даст гирифтаанд.

Давлати Укройн хабар додааст, ки як рӯз баъд аз оғози амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Кромотурск шаш худрави нафарбари зиреҳии Укройн тавассути мухолифони давлат забт шудааст.

Image copyrightReuters
Image caption Нерӯҳои тарафдори Русия кунтрули сохтмонҳои давлатӣ дар теъдоде аз шаҳрҳои шарқи Укройнро ба даст гирифтаанд.

Вазорати дифоъи Укройн мегӯяд ин нафарбарҳо ба ҳумаи шаҳри Ислувенск мунтақил шудаанд ва дар ихтиёри афроди унифурмпӯше ҳастанд, ки иртиботе бо нерӯҳои мусаллаҳи Укройн надоранд.

Бинобар баъзе гузоришҳо, мумкин аст нерӯҳои укройнӣ бо тарк худравҳои низомии худ ба нерӯҳои ҳаводори Русия мулҳақ шуда бошанд.

Амалиёти нерӯҳои амниятӣ ва низомии Укройн дар теъдоде аз шаҳрҳои шарқии ин кишвар бо ҳадафи бозпас гирифтани сохтмонҳои давлатии таҳти ишғоли тарафдорони Русия оғоз шудааст.

Дар шаҳри Дунетск ҳам ки дар ҳафтаҳои ахир ноором буда, дафтари шаҳрдор тавассути нерӯҳои мусаллаҳи тарафдори Русия тасхир шудааст.

Ин нерӯҳо ба хабаргузории Фаронса гуфтаанд, ки танҳо хостаи онҳо баргузории ҳамапурсӣ дар минтақа барои табдили Укройн ба федеросиюне бо ҳуқуқ ва ихтиёроти маҳаллии бештар аст.

Арсений Ятсенюк, нахуствазири муваққати Укройн, Русияро ба "судури терурисм" ба Укройн муттаҳам кардааст.

Матолиби муртабит