Беэътиноии ҷудоиталабони шарқи Укройн ба зарбулаҷали Киев

  • 14 Апрел, 2014
Image copyrightAP

Ҷудоиталабони шарқи Укройн, ки дастикам дар шаҳри ин минтақа сохтмонҳои давлатӣ ва посгоҳҳои пулисро таҳти кунтрул доранд, зарбулаҷали давлати муваққати Укройн барои тахлияи ин сохтмонҳоро нодида гирифтанд.

Дирӯз Александр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Укройн, эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар барои як амалиёти тамом айёри "зиддитеруристӣ" дар шарқи кишвар омода мешаванд. Ӯ ҳушдор дод Киев иҷоза нахоҳад дод ончи дар Криме иттифоқ афтод, дубора такрор шавад.

Ҳол бо вуҷуди зарбулаҷали давлати муваққат, мухолифони мусаллаҳ парчамҳои Русияро аз ин сохтмонҳо пойин наёвардаанд.

Дишаб ва пеш аз ин зарбулаҷал Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар як нишасти изтирории буҳрони Укройнро баррасӣ кард. Ин ҷаласа натиҷаи малмусе дар пай надошт.

Сомонто Повер, намояндаи Омрико дар Созмони Милали Муттаҳид, дар ин ҷаласа Русияро муттаҳам кард, ки нооромиҳои ҷорӣ дар шарқи Укройнро созмондиҳӣ кардааст.

Ӯ гуфт: "Мо медонем, ки чи касе пушти ин вақоеъ аст. Дарвоқеъ, танҳо кишвар дар ин минтақа, ки тавоноии иқдомоти низомиии ҳамоҳангро дорад, Русия аст."

Аммо Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ, бо радди иттиҳомоти Омрико ва кишварҳои ғарбӣ ҳушдор дод, ки ин нишаст фурсате аст барои Ғарб то аз бурузи ҷанги дохилӣ дар Укройн ҷилавгирӣ кунад.

Ӯ гуфт: "Киев бояд тавассул ба зӯр алайҳи шарқи Укройнро мутаваққиф ва гуфтугӯи воқеъиро шурӯъ кунад."

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Дунетск мегӯяд, ки имрӯз мумкин аст рӯзе сарнавиштсоз дар таърихи Укройн бошад, бо ин ҳол зарбулаҷалҳои мушобеҳ пеш аз ин низ бидуни иқдоми амале ҷиддӣ вазъ шудаанд.

Матолиби муртабит