Нахустин музокироти чаҳорҷонибаи Урупо, Русия, Омрико ва Укройн баргузор мешавад
Image copyrightAFPҚарор аст ҳафтаи оянда вузарои хориҷаи Омрико, Укройн, Русия ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо дар бораи буҳрони ҷорӣ бо якдигар дидор ва гуфтугӯ кунанд.
Ин нахустин дидори чаҳорҷониба пас аз боло гирифтани буҳрони байни Укройн ва Русия аст.
Ҷон Керрӣ аз Омрико, Котрин Аштун аз Иттиҳодияи Уруао, Ондрей Дешитсо аз Укройн ва Сергей Лавров аз Русия ба ин музокирот мераванд, аммо ҳанӯз макон ва замони ин музокирот мушаххас нашудааст.
Дар моҳҳои гузашта эътирозҳое алайҳи давлати Укройн шакл гирифт, ки дар ниҳоят ба барканории раиси ҷумҳурии ин кишвар ва ташкили давлати муваққати наздик ба Ғарб мунҷар шуд.
Пас аз он нерӯҳои низомии бенишони ҳаводори Русия дар Криме ҳозир шуданд ва бо раъйи порлумони ин ҷумҳурии худмухтор ҳамапурсӣ дар бораи пайвастани Русия баргузор шуд, ки натиҷаи он раъйи мусбати аксарият буд.
Маскав низ ин натиҷаро ба расмият шинохт ва Кримеро расман ба унвони ҷузъе аз Федеросиюни Русия эълом кард.
Давлати муваққати Укройн ва кишварҳои ғарбӣ аз ин иқдом башиддат интиқод карда ва онро номашрӯъ хондаанд.
Дар ин муддат Русия қимати гози содиротиаш ба Укройнро низ як севум афзоиш дод.
Дар рӯзҳои гузашта Киев ва Вошингтун Маскавро муттаҳам кардаанд, ки ба нооромиҳо дар манотиқи руснишини шарқи Укройн доман мезанад, балки битавонад заминаи илҳоқи бахшҳои дигаре аз Укройнро фароҳам кунад.
Русия ин иддаъоро башиддат рад кардааст.
"Худҷӯш" ё "таҳрики Русия"
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, рӯзи сешанбе таъкид кард, ки Русияро дар эҷоди нооромиҳои шарқи Укройн муқассир мешиносад.
Оқои Керрӣ дар суханоне гуфт, ки бар асоси шавоҳиди муътабар ва нигаронкунандае, ки ба даст омадааст, нерӯҳои вижаи Русия ва маъмурони дигари ин кишвар дар шарқи Укройн ҳарҷу марҷ эҷод кардаанд.
Вазири хориҷаи Омрико ҳамчунин гуфта, ки мумкин аст Русия қасди мудохилаи низомӣ дошта бошад ва ҳушдор додааст, ки Омрико омодаи эъмоли таҳримҳое аст, ки ба бахшҳои калидии иқтисоди Русия латма ворид хоҳад овард.
Пештар дабири кулли Созмони паймони Отлонтики Шимолӣ (НОТУ) ҳушдор дода буд, ки мудохилаи бештари Русия дар Укройн як иштибюоҳи таърихӣ аст, ки паёмадҳои ногуворе хоҳад дошт.
Русия ҳам ба Укройн ҳушдор додааст, ки ҳар гуна омодасозии низомӣ дар ҷанубу ғарби ин кишварро, ки мумкин аст мунҷар ба оғози ҷанги дохилӣ шавад, мутаваққиф кунад.
Дар баёнияи вазорати хориҷаи Русия омадааст, ки Укройн барои фиристодани нерӯҳояш бав минтақа барномарезӣ карда ва ин кишварро муттаҳам карда ва ин кишварро муттаҳам карда, ки дар миёни ин нерӯҳо паймонкорҳои низомии хусусии Омриок ҳам ҳузур доштанд.
Ҳушдори Русия баъд аз он матраҳ шуд, ки мақомоти укройнӣ гуфтанд амалиёти зиддитерристӣ дар сохтмони идории маҳаллӣ дар шарқи шаҳри Харков анҷом дода ва ҳафтод ҷудоихоҳи ҳаводори Маскавро, ки сохтмонро тасхир карда буданд, дастгир кардаанд.
Пас аз он ки маркази фармондеҳии нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ др се шаҳри шарқи Укройн ба тасарруфи ҳаводорони Русия даромада ин гурӯҳҳо "эъломи истиқлол" аз Укройн карданд ва хоҳони баргузории ҳамапурсӣ дар бораи пайвастан ба Русия шуданд, нигаронӣ аз бобати такрори он чи дар нимҷазираи Криме рӯй дод, афзоиш пайдо кардааст.
