Укройн: Муътаризини ҳаводори Русия ба сохтмони ҳукумати Донетск ҳамла карданд

  • 6 Апрел, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Тазоҳурот ба тарафдории Русия дар шаҳрҳои дигари шарқи Укройн низ баргузор шудааст

Гурӯҳе аз муътаризони тарафдори Русия ба сохтмони ҳукумати маҳаллӣ дар шаҳри Донетск дар шарқи Укройн ҳамла кардаанд.

Гузориш шудааст, ки ҳудуди 50 нафар аз миёни тақрибан 2000 тазоҳуркунанда дар маркази шаҳр сафи пулисро рахна карда вориди ин сохтмон шудаанд.

Шаҳри Донетск пас аз барканории Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Укройн, ки ҳаводори Русия буд, саҳнаи чандин эътирозот будааст.

Эътирозоти кунунӣ замоне сурат мегирад, ки пас аз илҳоқи шибҳҷазираи Криме ба Русия танишҳои диплумотик дар ҳоли афзоиш аст.

Муътаризин шиъорҳои "Донетск шаҳри Русия аст" сар медоданд ва парчами Русияро бар фарози ин сохтмон ба эҳтизоз дароварданд.

Бархе аз тазоҳуркунандагон хостори баргузории ҳамапурсӣ дар мавриди истиқлоли минтақа аз Укройн шуданд.

Тазоҳурот ба тарафдории Русия дар шаҳрҳои дигари шарқи Укройн низ баргузор шудааст.

Гузоришҳо ҳокӣ аст, ки дар шаҳри Луганск низ талошҳое барои тасарруфи сохтмони Ожонси амнияти миллии Укройн сурат гирифтааст.

Танишҳо миёни ду кишвар рӯ ба афзоиш аст ва гуфта мешавад ҳазорон сарбози русӣ дар марзи миёни ду кишвар мустақар шудаанд.

Ҳарчанд авоили ҳафтаи ҷорӣ давлат Олмон гуфт, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дастур додааст, бахше аз нерӯҳои Русия манотиқи наздик ба марз бо Укройнро тарк кунанд.

Оқои Янукович дар моҳи феврал дар пайи моҳҳо эътирозоти хиёбонӣ махлуъ шуд.

Ҳукумати ҷадиди Укройн бо мухолифати манотиқи руснишини Укройн, ба хусус манотиқи шарқии ин кишвар рӯбарӯ аст.

Русия гуфтааст аз ҳуқуқи рустаборон ва укройниҳо, ки ба далели сиёсатҳои ҳукумати ҷадид бо хатар рӯбарӯ ҳастанд, ҳимоят хоҳад кард, аммо таъкид кардааст, ки ба манотиқи дигари Укройн нерӯ нахоҳад фиристод.

Матолиби муртабит