Додситонии Укройн дастури боздошти Виктор Януковичро содир кард
Додситонии кулли Укройн дастури боздошт ва эҳзори Виктор Янукович, раиси ҷумҳури собиқ ва Александр Якименко, раиси собиқи Хадамоти амнияти Укройнро содир кардааст.
Дар ин бора ба расонаҳо Валентин Наливайченко, раиси Хадамоти амниятии Укройн хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ тирандозӣ ба суи тазоҳуркунандагон рӯзҳои 18 то 20 феврал таҳти раҳбарии мустақими оқои Янукович сурат гирифтааст.
Пештар, имрӯз панҷшанбе Арсен Аваков, вазири умури дохилаи Укройн гуфта буд, ки нерӯи вижаи "Беркут", пулиси зиддишӯриши Укройн рӯзи 20 феврал ба суи тазоҳуркунандагон дар маркази Киев гулӯла шиллик карда буд.
Ба гуфтаи ӯ мақомоти пешини Вазорати умури дохила аснод ва либосҳои марбут ба ин корро аз байн бурда ва талош кардааст, таслиҳотеро, ки "Беркут" истифода карда, нобуд созад.
