Раиси ҷумҳури махлӯъи Укройн илҳоқи Криме ба Русияро "трожедӣ" хонд

  • 3 Апрел, 2014
Image copyrightAP
Image caption Оқои Ёнукович гуфт, ки ҳаргиз дастури тирандозӣ ба муътаризон дар Киевро содир накарда буд.

Виктур Ёнукович, раис ҷумҳури барканоршудаи Укройн, гуфт, ки илҳоқи нимҷазираи Криме ба Русия "трожедӣ" будааст. Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки Криме дубора ба Укройн бозгардад.

Ӯ дар мусоҳиба бо хабаргузории Осушиэйтед пресс ва телевизиюни Эн-ти-вии Русия гуфт, ки талош хоҳад кард Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро мутақоъид кунад, ки Кримеро ба Укройн баргардонад.

Оқои Ёнукович ҳамчунин гуфт, ки дар ҷараёни эътирозот дар Киев, пойтахти Укройн, ки мунҷар ба фирори ӯ ва барканориаш тавассути порлумон шуд, дастури тирандозӣ ба муътаризонро содир накарда буд.

Ӯ пас аз вуқӯъи эътирозоте аз Укройн гурехт, ки дар ҷараёни он беш аз 100 муътариз кушта шуданд.

Дар ин ҳол як фармондеҳи аршади НОТУ гуфтааст, ки артиши Русия метавонад зарфи се то панҷ рӯз бахшҳое аз Укройнро ба тасарруф дароварад.

Гуфта мешавад, ки Русия дар рӯзҳои ахир даҳҳо ҳазор сарбозро дар марзҳои шарқии Укройн мустақар крдааст, ки боъиси нигаронии давлати муваққати Укройн ва кишварҳои ғарбӣ шудааст.

Женерол Филлип Бридлов, фармондеҳи аршади НОТУ дар Урупо гуфт, ки воҳидҳои зиреҳӣ, чархболҳо ва воҳидҳои пуштибонии артиши Русия омодаи як пешравии сареъ ҳастанд.

Илҳоқи нимҷазираи Криме ба Русия моҳи гузаштаи мелодӣ ва пас аз як ҳамапрусӣ анҷом шуд, ки давлати муваққати Укройн ва кишварҳои ғарбӣ онро ғайриқонунӣ донистанд. Аксари сокинони ин нимҷазира табори русӣ доранд ва ба забони русӣ суҳбат мекунанд.

Русия таъкид кардааст, ки қасди дахолати низомӣ дар бахшҳои дигари Укройнро надорад.

Матолиби муртабит