Лаҳза ба лаҳза бо буҳрони Укройн - шашуми март

  • 6 Март, 2014
Image copyrightGetty

10.54 -и Гринвич - панҷшанбеи 6 март

Муъовини вазири хориҷаи Русия ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки барои русия узвияти Укройн дар паймони НОТУ "мутлақан хатти қирмиз" маҳсуб мешавад ва ба нафъи Укройн аст, ки бетараф бимонад. Вай афзудааст, ки Ғарб бояд бахше аз масъулияти буҳрони Укройнро бар уҳда бигирад ҳар чанд Русия ба ҳаллу фасли ин буҳрон аз роҳи музокира мутаъаҳид аст. Ин мақоми русӣ ҳамомнанди соири мақомҳои русӣ ҳамчунон аз таъйиди ин мавзӯъ худдорӣ кард, ки афроди мусаллаҳе, ки бар Криме мусаллат шудаанд, низомиёни русӣ ҳастаанд.

11.25 -и Гринвич - панҷшанбеи 6 март

Соъоте пеш аз оғози иҷлоси раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо барои тасмимгирӣ дар мавриди бархӯрд бо Русия, раиси ҷумҳурии Фаронса ва нахуствазирони Бритониё ва Лаҳистон дар ин маврид ташкили ҷаласа доданд. Лаҳистон аз ҷумлаи аъзои Иттиҳодияи Урупост, ки хостори шиддати амал дар баробари русия шудаанд.

10.50 -и Гринвич - панҷшанбеи 6 март

Давлати интиқолии Укройн мусаввабаи порлумони маҳаллии Криме барои илҳоқи ин сарзамин ба Русия ва баргузории ҳамапурсӣ дар ин заминаро ғайриқонунӣ эълом карда ва гуфтааст, ки Криме бахше ҷудоинопазир аз хоки Укройн аст.

10.48 -и Гринвич - панҷшанбеи 6 март

Порлумони маҳаллии Ҷумҳурии Худмухтори Криме эълом кардааст, ки ҳамапурсии илҳоқи ин бахш аз хоки Укройн ба Русия дар шонздаҳуми март, даҳ рӯзи дигар, баргузор хоҳад шуд. Пештар намояндагони порлумони маҳаллии Криме, ки аксари аҳолии онро рустаборон ташкил медиҳанд, ба иттифоқи оро илҳоқи ин сарзамин ба Русияро тасвиб карда буданд, аммо қарор буд ҳамапурсӣ дар ин маврид дар моҳи май баргузор шавад.

10.46 -и Гринвич - панҷшанбеи 6 март

Матолиби муртабит