Буҳрони Укройн: Озмуне барои Борок Убомо

  • 4 Март, 2014
Image copyrightBBC World Service

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико иттихози тадобиреро барои садама задан ба иқтисоди Русия ва мунзавӣ кардани ин кишвар эълом кардааст.

Мақомоти Омрико мегӯянд Владимир Путин интихоби бисёр баде карда ва бо ин интихоб кишвараш дар мавзеъи ба маротиб заъифтаре қарор хоҳад гирифт.

Вале буҳрони Укройн, раҳбарии оқои Убоморо низ дар бутаи озмоиш қарор медиҳад. Озмоише, ки нишон медиҳад нуфузи Омрико дар ҷаҳон то чӣ ҳад аст.

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико барои мулоқот бо раҳбарони Укройн ба Киев рафтааст. Омрико ҳамчунин ҷиҳати таҳти фишор қарор додани раиси ҷумҳурии Русия барои ҳамоҳанг кардани як вокуниши байналмилалӣ талош мекунад.

Вале мақомоти аршади давлати оқои Убомо мудохилаи низомиро мунтафӣ донистаанд.

Мунтақидони оқои Убомо ӯро муттаҳам мекунанд, ки бисёр кунд амал мекунад ва як бори дигар иҷоза дода, ки як нафар тамоми "хатти қирмизҳои" ӯро лагадмол кунад.

Ҳафтаи гузашта Борок Убомо ҳушдор дод, ки дахолати низомии Русия дар Укройн барои Русия гарон тамом хоҳад шуд, вале соъоте баъд нерӯҳои Русия шуруъ ба пешравӣ карданд. Омрико акнун мегӯяд беш аз шаш ҳазор сарбози русӣ хоки Кримеро ишғол кардаанд.

Бархе мегӯянд мушкили беэътибории ҳарфҳои Борок Убомо сабаби тарғиби оқои Путин шудааст.

Image copyrightBBC World Service

Мутмаъинан кишварҳои ғарбӣ барои муқобала бо ин буҳрони фазоянда, ки мебоистӣ бурузи онро пешбинӣ мекарданд, омодагӣ надоштанд ва рӯшан буд, ки оқои Путин ба содагӣ таслим нахоҳад шуд.

Вале набояд дар мавриди нақше, ки тарзи рафтори оқои Убомо дар ҷарӣ кардани раҳбари Русия дошта, иғроқ кард.

Лозим ба ёдоварист ҳангоме ки Ҷурҷ Буш, раиси ҷумҳурии Омрико буд, оқои Путин бо Гурҷистон вориди ҷанг шуд ва дар он мавқеъ ҳеҷ кас Ҷурҷ Бушро як сулҳталаб намедонист.

Вале Ҷурҷ Буш ба вузуҳ фикр мекард набояд бо кишвари дигаре, ки дорои қудрати ҳастаӣ аст, бар сари бахше аз имперотурии собиқи Шуравӣ вориди ҷанг шавад.

Мақомоти аршади давлати Омрико ба ин изҳори назар, ки наҳваи рафтори Борок Убомо дар гузашта муҷиби тарғиби оқои Путин шуда, вокуниши хашмолуде нишон додаанд.

Онҳо мегӯянд сиёсати раҳбари Русия дар Укройн шикаст хӯрда ва танҳо роҳе, ки барояш боқӣ монда тавассул ба ҷанги воқеъӣ аст. Ба ақидаи онон дунё бояд оқои Путинро сарзаниш кунад, на оқои Убоморо.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Омрико барои ҳамоҳанг кардани талошиҳои байналмилалӣ ҷиҳати таҳти фишор қарор додани раҳбари Русия талош мекунад, рӯзҳои оянда шоҳиди иттифоқоти бештаре хоҳем буд.

Аввалин талош барои ворид овардани фишор ба Русия дар иҷлоси сарони гурӯҳи 8 хоҳад буд, ки қарор аст дар моҳи июни оянда дар Сучӣ баргузор шавад. Ҳамакнун Омрико, Конодо ва Бритониё ширкат дар нишасти муқаддамотӣ барои баргузории ин иҷлосро лағв кардаанд. Барномаи эъзоми гурӯҳе аз нозирони байналмилалӣ барои итминон аз амнияти ҷонии русҳои бумӣ тарҳи дигари Ғарб ҷиҳати кумак ба Русия барои ақибнишинӣ аст. Вале баъид ба назар мерасад ин пешниҳод ризояти оқои Путинро ҷалб кунад.

Лозим ба ёдоварӣ аст ки Криме аз соли 1783 ба баъд бахше аз Русия буд ва дар аввалин солҳои таъсиси Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ мавқеъияти як ҷумҳурии худмухтор дар дохили федеросиюни Русияро дошт. Дар соли 1954 Никита Хрушчеф, раҳбари вақти Шуравӣ, Кримеро ба Укройн бахшид.

Image copyrightAP
Image caption Дар сурати ҷиддитар шудани буҳрон вокуниши Борок Убомо чӣ хоҳад буд?

Акнун Владимир Путин қасди бозпас гирифтани ин ҳадияро дорад ва ақабнишинӣ аз ин тасмим шикасте барои ӯ маҳсуб шуда ва боъиси сарафкандагиаш хоҳад шуд.

Барои оқои Убомо ишкол дар ин аст ки таъсири фишори иқтисодӣ пас аз муддате тӯлонӣ эҳсос мешавад. Раҳбари Русия мумкин аст ба фишорҳои диплумотик аҳамияте надиҳад ва ба назар мерасад аз ин ки раҳбарони ғарбиро ба бозӣ мегирад лаззат мебарад.

Мумкин аст вазъ ба маротиб вахимтар шавад, вале рӯшан нест дар сурати ҷиддитар шудани буҳрон вокуниши Борок Убомо чӣ хоҳад буд.

Матолиби муртабит