Путин: Дар сурати ҳарҷу марҷ дар Укройн, Русия ҳаққи мудохила дорад

  • 4 Март, 2014
Image copyrightAFP

Влодимир Путин, раисҷумҳури Русия, гуфт, ки давлати муваққати укройнро машрӯъ намедонад ва танҳо раиси ҷумҳурии машрӯъи Укройн Виктур Ёнукувич аст.

Ӯ гуфт, ки оқои Ёнукувич аз Русия хостааст барои ҳифзи шаҳрвандони Укройн мудохилаи низомӣ кунад ва ҳушдор дод, ки агар дар манотиқи шарқӣ ва ҷанубии Укройн, ки мардуми русизабон аксарият доранд, ҳарҷу марҷ рух диҳад, Русия ҳаққи истифода аз тамоми абзорҳоро барои худ маҳфуз медонад.

Муҳиммтарин нукоти нишасти хабарии Владимир Путин, ки рӯзи сешанбеи 4 март баргузор шуд:

Рӯйдодҳои Киеф кудетое алайҳи Қонуни асосӣ буд.

Виктур Ёнукувич ояндаи сиёсӣ надорад.

Нерӯҳои Русия дар амалиёти Криме ширкат надоштанд.

Русия ба фикри замима кардани Криме ба хоки худ нест.

Таҳдидҳои Ғарб ба таҳрими Русия ғайрисозанда аст.

Иқдомоти Русия дар Укройн тибқи қавонини байналмилалӣ аст.

Русия дар сурате ки вазъияти феълии "ваҳшати" ҳоким бар Укройн идома дошта бошад, натоиҷи интихоботи риёсати ҷумҳуриро ба расмият нахоҳад шинохт.

Коршиносони низомии мустақар дар Ландан ба хабаргузории Фаронса гуфтаанд сарбозоне, ки бидуни як тир кунтрули Кримеро дар даст гирифтанд, ба эҳтимоли қавӣ аз нерӯҳои вижаи Русия, аз ягонҳои нухбаи артиши Русия, нерӯҳои ҳавобурд ва шояд ҳам нафароти воҳиди Спетсноз бошанд.

Истивен Рузенберг, хабарнигори Би-би-сӣ дар Маскав, мегӯяд, ки раиси ҷумҳурии Русия дар ҷараёни нишасти хабарии худ иқдомоти кишвараш дар Укройнро як маъмурияти инсондӯстона хондааст.

Аз Путин суол шуд, ки оё Ёнукувич мурда ва ӯ ҷавоб дод, ки на, ӯ зинда аст.

Аз ӯ муҷаддадан суол шуд, ки оё бо Ёнукувич эҳсоси ҳамдардӣ мекунад, Путин посух дод, на.

Путин: Аз омадани Юлиё Тимушенку ба Маскав истиқбол мекунем, аммо ӯ узви давлат нест.

Путин шароити феълӣ дар Укройнро бо шароити Олмони пеш аз ба қудрат расидани нозиҳо муқоиса карда.

Путин мегӯяд Русия омодаи ироаи кумакҳои молӣ ба Укройн аст, аммо пардохтҳои ақабмондаи гоз ва дархостҳои Ғарб барои манут кардани кумакҳо ба ислоҳоти иқтисодӣ монеъ аз ироаи ин кумакҳо шудааст.

Путин: Давлатҳои қаблӣ дар Укройн бо фасод ва портибозӣ дар иқтисод муқобала накарданд ва ба ҳамин далел аст, ки мардум хоҳони чеҳраҳои ҷадиде дар давлат ҳастанд, аммо тағйир дар давлат бояд қонунӣ ва мутобиқ бо Қонуни асосӣ бошад.

Путин: Мо бо мардуми Укройн вориди ҷанг нахоҳем шуд.

Путин аз тасмими Ёнукувич барои адами имзои мувофиқатномаи тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо ҳимоят кард ва гуфт авоқиби ҷунин паймоне барои иқтисоди Укройн фоҷеъабор мебуд.

Путин: Гозпрум метавонад гози Укройнро қатъ кунад, аммо далели ин кор сиёсӣ нахоҳад буд. Укройн бидеҳии худро то кунун пардохт накардааст.

Путин: Укройн бояд қонуни асосии ҷадидеро аз тариқи ҳамапурсӣ ба тасвиб расонад, аммо ин ба мо иртиботе надорад ва ардуми Укройн дар мавриди он тасмим мегиранд.

Путин: Русия натоиҷи интихоботи риёсати ҷумҳурии пеши рӯ дар Укройнро дар сурате ки вазъияти феълӣ идома дошта бошад, ба расмият нахоҳад шинохт.

Путин: Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, низ бо ҳамтои укройнии худ дар тамос аст.

Путин: Ман ба вазирони давлати Русия дастур додаам, ки бо ҳамтоёни худ дар давлати Укройн тамос барқарор кунанд.

Путин: Равобити ҳамаҷониба бо Укройн танҳо пас аз интихоби раиси ҷумҳурии ҷадид имконпазир хоҳад буд.

Путин: Русия омодаи мизбонии нишасти "Гурӯҳи Ҳашт" (ҳашт кишвари санъатӣ) аст, аммо агар раҳбарони кишварҳои ғарбӣ намехоҳанд биёянд, ниёзе ҳам ба омадани онҳо нест.

Аз Путин суол шуд, ки оё нерӯҳои русӣ дар амалиёти Криме мушорикат доштанд, ӯ гуфтна, нерӯҳои русӣ ҳузур надоштанд ва юнифурмҳои (либоси низомии) зиёде шабеҳи юнифурмҳои нерӯҳои Русия вуҷуд доранд.

Путин: Агар мо ба кумаки Янукович нарафта будем, дар Укройн кушта мешуд

Ба гузориши хабарнигори Би-би-сӣ, низомиёни укройнӣ, ки дар садади вуруд ба маҳалли кори худ дар Криме буданд, ба далели таҳдиди низомиёни русӣ дар ҳудуди симетрии русҳо мутаваққиф шудаанд, аммо аз тарки ин маҳал худдорӣ мекунанд.

Ин гурӯҳ аз низомиёни укройнии мустақар дар Криме дастур доштанд бикӯшанд ба маҳалли кори худ, ки дар муҳосираи низомиёни русӣ аст, ворид шаванд, аммо ҷони худро ба мухотира наандозанд.

Сарбозони русӣ таҳдид карда буданд, ки дар сурате ки укройниҳо дар садади наздик шудан ба ин маҳал бароянд, ба поҳояшон тирандозӣ хоҳанд кард.

Путин: Фаро хондани сафири Русия аз Омрико бояд дар шароити ҷиддитаре иттихоз шавад.

Путин: Ёнукувич ба ман итминони хотир дод, ки ӯ дастури тирандозӣ ба сӯйи муътаризонро надодааст.

Путин дар посух ба суоле дар мавриди ояндаи сиёсии Янукович гуфт, ки барои ӯ ояндаи сиёсӣ намебинад.

Путин: Нигарони ҷанг нестам. Мо бо мардуми Укройн вориди ҷанг нахоҳем шуд. Агар тасмим ба мудохилаи низомӣ бигирем, танҳо барои ҳифозат аз шаҳрвандони Укройн хоҳад буд ва ҳеҷ низомии русӣ ба сӯйи кӯдакон ва занон тирандозӣ нахоҳад кард.

Путин: Порлумони Укройн машрӯъияти нисбӣ дорад, аммо соири ниҳодҳои давлатӣ, бахусус раиси ҷумҳури муваққат машрӯъият надорад.

Путин: Гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки дар Криме қудратро дар даст гирифтаанд, сарбозони Русия нестанд, балки нерӯҳои маҳаллӣ ҳастанд.

Путин: Ҳеҷ фарде дар Киев барои музокира вуҷуд надорад, чун Укройн раиси ҷумҳури машрӯъ ва қонунӣ надорад.

Путин: Онҳое, ки моро бо вазъи таҳримҳо таҳдид мекунанд, бояд мутаваҷҷеҳи авоқиби он бошанд, чун хисорат дуҷониба хоҳад буд.

Путин: Иқдомоти мо аз манзари ҳуқуқи байналмилал қонунӣ аст, чун раиси ҷумҳури қонунии Укройн аз мо кумак хост ва дифоъ аз мардум дар ҷиҳати манофеъи мост ва ин як маъмурияти инсондӯстона аст.

Путин: Ғарб ағлаби иқдомоти моро ғайримашрӯъ мехонад, аммо ба амалиёти Омрико дар Афғонистон, Либӣ ва Ироқ бинигаред.

Путин: Ғарб мегӯяд ё бо мо ҳастӣ ё алайҳи мо ва ҳар вақт алайҳи онҳо бошем, ба мо ҳамла мекунанд.

Путин: Ғарб қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ дар мавриди Либиро таҳриф кард.

Бозор дар Русия "нигаронкунанда" аст, аммо ин нигаронӣ пеш аз рӯйдодҳои Укройн буд ва далелаш сиёсатҳои молӣ ва пулии Омрикост. Пас бесуботии ахир дар бозор мустақиман ба Укройн барнамегардад.

Путин: Инҳилоли додгоҳи Қонуни асосии Укройн ғайриқонунӣ буд. Оё ин адолат аст?

Путин: Раиси ҷумҳур танҳо аз се тариқ канор меравад: марг, истеъфо ва ё истизоҳ.

Путин: Неунозиҳо ва зиддияҳудҳо дар Укройн, ва бахусус дар Киеф, фаъъол ҳастанд ва мардуми шарқи Укройн нигарон ҳастанд ва мо ҳаққи худамон медонем, ки ба ҳар василае дар сурате ки аз мо бихоҳанд, аз онҳо дифоъ кунем.

Раиси ҷумҳурии муваққати Укройн қонунӣ нест. Аз манзари ҳуқуқӣ оқои Ёнукувич раиси ҷумҳурии Укройн аст.

Путин: Эъзоми нерӯҳои мусаллаҳи Русия охирин гузина хоҳад буд.

Путин: Ниёзе ба эъзоми нерӯ ба Укройн дар ҳоли ҳозир нест, аммо ин эҳтимол ҳамчунон вуҷуд дорад.

Путин: Мардум хоҳони тағйироти бунёдӣ ҳастанд, зеро мушоҳида кардаанд, ки шайёдоне қудратро аз дасти шайёдони дигар берун овардаанд.

Путин: Ман ба мардуми ҳозир дар майдони "Истиқлол"-и Киев эҳсоси ҳамдардӣ мекунам, аммо тағйироти эҷодшударо ба расмият намешиносам.

Путин: Ифротиюн ва афроди мусаллаҳ дар хиёбонҳои Киев ҳузур доранд.

Муқоисаи тавони низомии Укройн ва Русия:

Image copyrightBBC World Service

Матолиби муртабит